Jump to content

Шиъа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аҳли ташайюъ)
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Шиъа, шиа (ар. الشيعة‎; [шӣ‘а] — пайрав, тарафдор) — дуввумин мазҳаби пайравони дини ислом. Вожаи шиъа шакли мухтасари «шиъаи Алӣ» яъне пайрав ё ҳизби Алӣ ибни Абутолиб, нахустин имоми шиъаён мебошад. Шиъаён байни 5 % то 10 % аз кулли ҷамоати мусалмонони ҷаҳон ва 38%-и ҷамъияти мусалмонони Ховари Миёнаро ташкил медаҳанд[1].

Минтақаҳои бо ҷамъияти шиъа дар харитаи ҷаҳони ислом: сурх: манотиқи шиъанишин, сабз: сунниҳо, бунафш: ибозия

Бино ба арзёбиҳои мухталиф, шиаён аз 10 % то 20%-и шумораи умумии мусалмононро ташкил медиҳанд[2][3][4][5]. Дар замони муосир ҷамоатҳои шиъа дар қитъаҳои Аврупову Амрико ва аксарияти мамолики мусалмон мавҷуд аст. Мусулмонони шиъа аксари аҳолиро дар Эрон, Озарбойҷон, Ироқ ва Баҳрайн[6] ташкил медиҳанд. Ба мазҳаби шиъа тахминан аз 27 %[7] то 35 %[8] аҳолии Лубнон; то 30 % в Кувайт эътиқод доранд[9].

Дар Афғонистон шиъаён 15 % то 19 % аҳолии кишварро[10][9] ташкил медиҳанд. Дар Арабистони Саудӣ бошад 15%-и ин мамлакат пайрави аҳли шиъа мебошанд[11]. Дар Покистон ҳам каме (тахминан 3 %) аз мардуми ин ин кишвар пайрави шиъа мебошанд.

Дар Тоҷикистон аксари мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — помириҳо (ба ҷуз язгуломиҳо) аз равияи исмоилии шиъа пайравӣ мекунанд.

Таҳлилгарони шиъашинос тахмин мезананд, ки дар ҷаҳон андар 200 миллион тан мусалмонони шиъа аст.

Таъриф дар луғат ва истилоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шиа дар луғат ба маънои пайрав ва тарафдор ва дар истилоҳи фирқашиносии динӣ ҷараёни сиёсӣ-диние аст, ки дар авохири давраи хилофа­ти рошидаи ислом ва ба таври дақиқ пас аз шаҳодати халифаи чаҳорум Алӣ ибни Абутолиб бо шиори тарафдори аз Алӣ ва фарзандонаш — аҳли байт ва дар эътироз ба хатти машйи динӣ ва сиёсати исломии оммаи мусулмонон ба вуҷуд омад. Пас аз вафоти расули Худо (с) мусулмонон тайи як нишасти машваратие дар Сақифаи Банӣ Соъида Абу­бакри Сиддиқро ба роҳбарии уммати ислом ва ҷой­нишинии расули акрам (с) баргузиданд, ки Алӣ, Аббос, Зубайр ва чанд тани дигар аз саҳобагон дар он ҳу­зур надоштанд.

Пас аз байъати умумии мардум Абубакр байъати худро ба Алӣ ва ҳамро­ҳонаш пешниҳод кард. Алӣ ба Абубакр — хали­фаи тозаинтихоб ҳамин қадар эътироз овард, ки: Ман худро бинобар қаробате, ки ба расули Худо (с) доштам, барои ин кор авло медонистам. Вале афзалияти мутла­қи Абубакр бар ҳамаи саҳобагон воқеияти бебаҳс буд ва Алӣ низ ба ин воқеият эътироф дошт. Аз сӯи ди­гар, ин дидгоҳи шахсии Алӣ буд, ки танҳо бо дошта­ни қаробати расули Худо (с) бояд кори хилофат ба вай вогузор мегашт ва он ҳам ба тариқи шӯро ва интихоби аксарияти мутлақи саҳобагон.

Дар ҳеч санади таърихӣ ва ривояти муътамади диние наёмадааст, ки Алӣ ғайр аз назари фавқ эътирози дигаре бо бақияи саҳобагон дошта ё худро ягона васӣ ва сарвари мусулмонон ва хилофатро ҳаққи илоҳии худ ва фарзанонаш дониста ва ё худро таъйиншуда аз ҷониби Худо ва ба василаи паёмбари акрам (с) гуфта бошад, балки асноди саҳеҳи таърихӣ собит месозанд, ки вай ҳукми шӯро ва раъйи аксарияти саҳобагонро ягона роҳи интихоби халифа медонист, аз ҷумла дар номае ба Муъовия мефар­мояд:

«Шӯро ва интихоби халифа ҳаққи муҳоҷирон ва ансор аст. Вақте онҳо дар атрофи марде гирд омаданд ва ӯро имоми худ номиданд, бешак, ризои Худо низ дар он (ин­тихоби онҳо) мебошад. Дигар одами шоҳид ва ҳозир ҳаққи ихтиёр ва ғоиб ҳаққи рад карданро надорад»[12].

Бинобар ин, ҳамон гуна ки дар ривоятҳои саҳеҳ ома­дааст, вақте хабари байъати Абубакрро шунид, ҳук­ми шӯро ва раъйи аксарияти саҳобагонро шаръан мав­риди эътибор донист ва дар ҳамон рӯзҳои аввал ба бай­ъати ӯ шитофт ва дар нахустин задухӯрди лашкари Ис­лом бо баргаштагон, ки дар мавзеъе бо номи Зилқисса сурат гирифт, дар рикоби Абубакр — халифаи тоза­интихоби мусулмонон қарор дошт. Ин воқеа дар замо­не ба вуқӯъ пайваст, ки ҳанӯз як-ду ҳафтае аз хилофа­ти Абубакр нагузашта буд[13]. Дигар то замони ба шаҳодат расидани Алӣ дар миёни уммати ислом ҳеч ихтилофи эътиқодӣ ва дудаста­гие дида намешуд ва онҳо чунин мафҳумҳо ва тақсимотеро бо номи тарафдорон ва шиаёни Алӣ, ки аз дигар мусулмонон бо андешаҳо ва эътиқодоти хоссе тафовут дошта бошанд, намедонистанд, балки мусулмо­нон дар ваҳдати умумӣ ба сар мебурданд ва хулафо кафи­ли ҳифзи ваҳдат ва таъмини якпорчагии ҷомеа буданд. Худи ҳазрат Алӣ ва фарзандонаш ба чунин фирқага­роии эътиқодӣ ва парокандагии фикрӣ ва иҷтимоӣ дар байни му­сулмонон комилан мухо­лиф буданд ва бар зидди чунин андешаҳои ифротӣ ва гароишоти хароби­овар ба шиддат мубориза мебурданд.

Аз сӯйи дигар, оммаи мардуми мусулмон Алӣ ва фарзандонашро ба мисли дигар саҳобагони расули Худо (р) ва ҳатто бештар аз онҳо дӯст медоштанд ва пас аз кушта шудани халифаи сеюм Усмон ибни Аффон Алӣ ва фарзандаш Ҳасанро ба хилофат баргузиданд. Дар ривоятҳои саҳеҳи таърихӣ омадааст, ки ҳатто дар замоне ки байни Алӣ ва Муъовия ҷангҳо идома доштанд, тамоми мардуми мусулмон бо шумули мардуми Шом, ки тарафдорон ва ҳомиёни Муъовияро ташкил медоданд, ӯро амир Муъовия мегуфтанд ва танҳо Алиро халифа медонистанд ва танҳо пас аз кушта шудани Алӣ ва танозули имом Ҳасан аз хилофат ба Муъовия халифа гуфта шуд.

Дар замони хило­фати Алӣ вазъи сиёсии ҷаҳони ислом хеле ошуфта, тамоюлоти носолими фикрӣ ва андешаҳои ифротии эътиқодӣ ба хусус дар байни мардуми Ироқ шиддат гирифт ва Алӣ ночор маркази хилофат­ро аз Мадина ба Куфа интиқол дод. Дар чунин вазъи ошуфтаи фикрӣ ва сиёсӣ пас аз ша­ҳодати Алӣ дар сарзамини Ироқ фирқаи диние бо номи шиа бо андешаҳо, низоми эътиқодӣ ва бардошт­ҳои хоссе аз сарчашмаҳои шаръ зуҳур кард ва то имрӯз идома дорад.

Пайдоиш ва ташаккули андешаҳои динӣ ва сиё­сии шиа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар пайдоиш ва ташаккули андешаҳои динӣ ва сиё­сии шиа аз ҳама бештар ҳамон одамоне нақш доштанд, ки Алӣ то охир натавонист онҳо­ро ба роҳи рост ҳи­доят намояд. Илова бар ин, се чизи дигар низ аз ҷум­лаи муҳимтарин омилҳо дар пайдоиш ва ташаккули фирқаи шиа ба шу­мор мераванд. Иноятуллоҳ Иблоғ онҳоро дар китоби «Имоми Аъзам Абуҳанифа ва афкори ӯ» зикр кардааст.

  1. Андешаҳои ифротӣ ва фаъолиятҳои харобиовари Абдуллоҳ ибни Сабаи яҳудӣ ва дигар унсурҳои носоли­ме, ки дар дохили ҷомеа бар асоси барномаҳои қаблан тарроҳишуда бар зидди арзишҳои волои исломӣ ва ваҳ­дати мусулмонон машғули фаъолият буданд.
  2. Бозтоби тамаддуни бостонии форсҳо низ дар та­шаккули андешаи мазҳабии шиа таъсири зиёде дорад. Ҳамон андешаи ранги эзадӣ дошта­ни подшоҳ ва эъти­қоди мансубияти хонадони подшоҳон ба сулолаи ху­до­ён дар ақидаи имомат, маъсумият ва сифоти хоси имо­мон дар назди шиа бозтоби равшане ёфтааст.
  3. Хушунатҳои сиёсие, ки баъзе фармонравоёни умавӣ ва пас аз он аббосӣ ба намояндагони хонадони Алӣ дар мақтаъҳои гуногуни таъ­рихӣ раво доштанд, боиси нороҳатӣ ва ба эҳсосот рафтани мусулмонон гар­дид. Ҳамин ранҷҳои хонадони паёмбар (р), ки ба нуқ­таҳои дардманде дар пайкари уммати ислом табдил ёф­та буданд ва ҳама аз онҳо менолид, аз сӯи баъзе афроди бадбин суиистифода гардиданд ва дар роҳи эҷоди паро­кандагӣ дар сафи мусулмонон ба кор бурда шуданд.

Тафовути ҷавҳарии бардоштҳои динии шиа бо аҳли суннат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тафовути ҷавҳарие, ки дар бардоштҳои динии шиа бо аҳли суннат вуҷуд до­рад, дар асли ба гумона­шон динии имомат аст. Ба ақидаи онҳо дине, ки барои ба танзим даровардани зиндагонии мардум фиристода шудааст, намешавад ҳифзи арзиш­ҳои олӣ ва татбиқи аҳкоми он ба шахсе вогузор гардад, ки ба иродаи мардум интихоб мегардад ва паёмбаре, ки барои иршоди ҷомеаи башарӣ фиристода шудааст, зи­моми онро пас аз худ ба дасти одамоне супорад, ки ба василаи мардум интихоб мегарданд. Ин кор ба ҳастӣ ва бақои дин тааллуқ дорад ва бояд имом, ки ҷойнишин ва идомадиҳандаи кори паёмбар (с) аст, аз ҷониби Худо ва ба василаи паёмбар (с) таъйин гардад. Пас имомати Алӣ ва ёздаҳ нафари дигар аз хона­дони ӯ аз ҷониби Худо бо ҳукми Қуръон ва ба василаи паёмбар (с) муайян гардидааст ва хулафои пеш аз Алӣ ин ҳаққи илоҳии имом Алӣ ва фарзандонашро ғасб намуда, онҳоро ба ноҳақ аз хилофат канор гузоштанд.

Ақидаи баъзе шиаёни тундрав

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бинобар ин, баъзе шиаёни тундрав саҳобагон ва му­салмононеро, ки се халифаи қаблиро интихоб намуда­анд, гумроҳ ва золим медонанд, зеро онҳо ба ақидаи шиаён асли шаръии имомат ва васияти паёмбар (с)-ро дар бораи онҳо инкор намуд ва имомонро аз ҳаққашон маҳрум сох­танд. Баъзе аз онҳо аз ин ҳам фаротар рафта, се хали­фаи пеш аз Алӣ ва мусал­мононеро, ки онҳоро ба хилофат инти­хоб кардаанд, нафрин менамоянд ва муртад ва аз дин баргашта медонанд.

Вале аз он ҷо ки чунин асле дар таълимоти ислом ву­ҷуд надошт ва дар Қуръони карим барои имомати Алӣ ва ҳар каси дигаре пас аз паём­бар (с) чизе наомадааст, онҳо ба таъвили баъзе оятҳо маҷбур шуданд ва аз Қуръон усул ва аҳкоме берун оварданд, ки ба ҳадафҳо ва усули собити ислом ҳеч гуна созгорие надоранд.

Дар фароянди ин андеша шиаён вақте ба ҷуз Алӣ ва чанд на­фар тараф­дори ӯ саҳобагони дигарро ғосиб ва золим донистанд, суннати расули Худо (с)-ро низ, ки аз тари­қии ҳамин саҳобагони киром ҳифз, ривоят ва ба наслҳои баъдии уммат таҳвил дода шуда­аст, инкор намуданд. Онҳо танҳо ҳамон ислом ва ривоятҳои диниеро қабул доранд, ки аз тари­қи имомони маъсумашон ба онҳо расидаанд.

Баъзе ғулот — пайравони ифротии шиа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъзе ғулот — пайравони ифротии шиа Қуръонро низ таҳ­рифшуда медонанд, зеро он низ аз тариқи ҳамин саҳо­багон ва пас аз онҳо қориён ва силсиласанадҳое ривоят шудааст, ки ҳама аз аҳли суннат мебошанд. Аммо акса­ри онҳо ин Қуръонро қабул доранд ва онро каломи барҳаққи Худо мешуморанд.

Фарқи шиа дар баъзе аҳкоми амалии шариат бо аҳли суннат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шиа дар баъзе аҳкоми амалии шариат низ, ба монанди никоҳи мутъа ва муваққат, ки ба забони имрӯзаи онҳо сиға номида мешавад ва хумс — навъи молиёте, ки аз назари онҳо ба даромадҳои молии мардум тааллуқ мегирад, бо аҳли суннат фарқ мекунанд. Никоҳи мутъа — сиға назди шиа дуруст ва то рӯзи қиёмат ҳалол медо­нанд, дар ҳоле ки аз дидгоҳи аҳли суннат ин гуна лаз­затҷӯиҳои гузаро бо ҳадафҳои олии ислом дар бунёди хонавода мухолиф дониста шуда, шаръан мамнӯъ ба ҳисоб меояд. Хумси молиёт, ки назди шиа маъмул аст, аз дидгоҳи аҳли суннат умуман, ба файъ, ғаниматҳои ҷангӣ ва ҳар чизе, ки ҳукми ғаниматро дар худ дошта бошад, мутааллиқ мебошад.

Равияҳои шиа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шиа дар дохили худ равияҳои гуногуне дорад, ки баъзеҳо дар эътиқо­доти худ муътадил ва баъзеҳо бисёр тунду ифротӣ мебошанд.

  1. Written at U.S.A. Atlas of the Middle East (Second ed.). Washington D.C: National Geographic (published 2008-04-15). 2008. pp. 80–81. ISBN 978-1-4262-0221-6. 
  2. Shīʿite. Encyclopædia Britannica Online (2010). 25 августи 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 май 2012.
  3. Mapping the Global Muslim Population: A Report on the Size and Distribution of the World's Muslim Population. Pew Research Center (October 7, 2009). 25 августи 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 май 2012.
  4. Miller, Tracy, ed. (2009). Mapping the Global Muslim Population: A Report on the Size and Distribution of the World's Muslim Population (PDF). Pew Research Center. Archived from the original (PDF) on 2013-07-25. Retrieved 2009-10-08.  Unknown parameter |month= ignored (help)
  5. Religions. CIA. The World Factbook (2010). 25 августи 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 Декабри 2018.
  6. Quick guide: Sunnis and Shias(англ.), BBC (6 December 2011).
  7. International Religious Freedom Report 2010: Lebanon(англ.), U.S Department of state (November 17, 2010).
  8. Major Attacks in Lebanon, Israel and the Gaza Strip(англ.), The New York Times.
  9. 9.0 9.1 FIELD LISTING:: RELIGIONSA. Central Intelligence Agency (CIA). The World Factbook on Afghanistan. 16 май 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 май 2010.
  10. Country Profile: Afghanistan, August 2008(англ.), Library of Congress – Federal Research Division.
  11. Anees al-Qudaihi. Saudi Arabia's Shia press for rights(англ.), BBC (24 March 2009).
  12. Наҳҷу-л-балоға, бахши номаҳо, номаи шашум. — С. 274
  13. Фатҳулборӣ. — Ҷ. 9. — С. 272
  • А. Боқизода, Имоми Аъзам бузургмарде дар таърихи башарият. Душанбе, 2009;
  • Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳаҷари Ас­қа­лонӣ, Фатҳу-л-борӣ шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ. 9. Риёз, 1993;
  • Браницкий А. Г., Корнилов А. А. Религии региона. — Шаблон:Н. Новгород: ННГУ имени Н. И. Лобачевского, 2013. — 305 с. Бойгонӣ шудааст 28 июли 2014  сол.
  • Наҳҷу-л-балоға; Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Ал-исоба фӣ тамйизи-с-саҳоба, ҷ. 1. — Бейрут, 2010;
  • Хайруддини Зириклӣ, Ал-аълом, ҷ. 3. — Бейрут, 2005;
  • Иноятуллоҳи Иблоғ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва аф­кори ӯ, тарҷимаи Фазлуллоҳи Фазлӣ. — Кобул, 1398 ш;
  • Доиратулмаорифи Форсӣ, ҷ. 2. — Теҳрон, 1398.