Jump to content

Воҷид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воҷид (ар. الواجد‎ — ёбанда; поянда, боқӣ), ал-Воҷид — яке аз номҳои Худованд, ба маънои поянда, бениёз, пайдокунанда ва олим ба ҳама чиз.

Исми Воҷид танҳо дар ҳадиси асмоуллоҳ дар «Сунани Тирмизӣ» (3507) дар радифи 65-ум омадааст ва дар таъбироти қуръонӣ аз иштиқоқоти феълии он корбурд шудааст, аз ҷумла дар оятҳои 6-8 сураи Зуҳо ба маънои ёфтан ва пайдо кардан омадааст. Тибқи маънои номи Воҷид ҳеч чизе дар осмонҳо ва замин аз қаламрави илми Худованд берун нест ва хазоини ҳама чиз дар назди Ӯянд ва Ӯ аз ҳар чизе бениёз аст.

  • ابواسحاق ابراهيم بن السري الزجاج، تقسيم اسماء الله الحسني. دمشق، 1986؛
  • احمد مختار عمر، اسماء الله الحسني: دراسة في البنية والدلالة. القاهرة، 1997 ؛
  • محمود سليمان سامي، النور الاسمي في شرح اسماء الله الحسني (ترجمۀ فارسي، مجتبي دروزي).تهران، 1387 ش.ر