Гвианаи Фаронса

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гвианаи Фаронса
4°19′12″ а. шим. 56°04′36″ т. ғ.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Гвиана[1] (фр. Guyane; Гвианаи Фаронсавӣ; Guyane française) — департаменти хориҷии Фаронса дар шимолу шарқи Амрикои Ҷанубӣ. Дар ғарб бо Суринам, дар ҷануб ва шарқ бо Бразилия ҳамсарҳад буда, шимол ва шимолу шарқи онро уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Масоҳаташ 91 ҳазор км2. Аҳолиаш 256,9 ҳазор нафар (2014). Пойтахташ шаҳри Кайенна (Cayenne). Иди давлатӣ – Рӯзи гирифтани Бастилия (аз 14 июли 1789). Воҳиди пул – евро, франки фаронсавӣ.

Сохти давлатӣ[вироиш]

Гвиана аз соли 1946 департаменти хориҷии Фаронса мебошад. Дар мамлакат Конститутсияи Ҷумҳурии Фаронса (28 сентябри 1958) амал мекунад. Сардори ҳукумати иҷроияи марказӣ – Президенти Ҷумҳурии Фаронса. Сардори ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ – ҳокими таъйинкардаи ҳукумати Фаронса. Мақоми олии қонунбарор – Маҷлиси миллии Фаронса, ки дар он Гвиана 2 депутат ва 1 сенатор дорад. Мақоми худидораи маҳаллӣ – Шӯрои генералӣ (12 аъзо) ва Шӯрои минтақавӣ (3 аъзо), ки тариқи овоздиҳии умумии мустақим интихоб карда мешаванд.

Табиат[вироиш]

Гвиана дар қисми шимолу шарқии паҳнкӯҳи Гвиана ва Пастии Гвиана ҷойгир аст. Сатҳаш, асосан, ҳамвори паст буда, ҷо-ҷо баландиҳо (то 850 м) дорад. Иқлимаш субэкваторӣ, гарму рутубатнок. Ҳарорати миёнаи моҳона – 28–29°С. Боришоти солона – 2500–4000 мм. Дарёҳои калонаш – Морони ва Ояпоки. Дарёҳои Гвиана серобу сермоҳӣ ва поёнобашон киштигард аст. Дар Гвиана захираҳои тило, бокситҳо, нафт, ниобий, тантал мавҷуданд. Бештар бокситҳо ва ба миқдори кам танталу тило истихроҷ карда мешаванд. Ғайр аз ин конҳои камтаҳқиқшудаи мис, нуқра, платина, манган, алмос, уран мавҷуданд. 90 дарсади Гвиана-ро бешаҳои ҳамешасабз фаро гирифтаанд. Дар шимол ва қисми марказӣ даштҳои сералаф доман густардаанд. Аз ҳайвонҳо маймун, тапир, паланг, аз хазандаҳо морҳои гуногун вомехӯранд. Паранда ва ҳашароти бисёр дорад. Аҳолӣ. Дар Гвиана зангиҳо ва дурагаҳо (креолҳо) 70%, аврупоиҳо (асосан фаронсавиҳо, инчунин португалиҳо) 12%, ҳиндуён 3%, бразилиягиҳо ва муҳоҷирони мамлакатҳои Осиё (Хитой, Ҳиндустон, Лаос, Вйетнам, Лубнон) 15%-ро ташкил медиҳанд, забони расмӣ – фаронсавӣ. 48 дарсади аҳолӣ католикҳо, 15% протестантҳо, 4, 5% мусулмонон, боқимонда пайравони дини ҳиндуия мебошанд. Афзоиши аҳолӣ хеле баланд буда, дар 20 соли охир 2 баробар зиёд шудааст. Таваллуд – 21,7%, фавт – 4,8%, фавти кӯдакон 13,2 нафар ба 1000 кӯдак. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ 76, 5 сол (занҳо – 80, мардҳо – 73). Аҳолии саводноки аз 15-сола боло – 80%. Зичии миёнаи аҳолӣ 2 нафар дар 1 км2. Аҳолии шаҳрӣ, асосан, дар шаҳрҳои калон – Кайенна, Куру, Сен-Лоран-дю-Марона, Сен-Жорж, Саюл сокинанд. Қисми асосии аҳолии деҳот қад-қади соҳили уқёнуси Атлантик ҷойгир аст. 18 дарсади аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ, 21% дар саноат, 61% дар соҳаҳои хизматрасонию савдо ва дастгоҳи давлатӣ фаъолият мекунад. Бекорӣ 21% (асосан ҷавонон)-ро ташкил медиҳад. Таърих. Гвиана-ро соли 1499 испаниягиҳо кашф намуда бошанд ҳам, ба он таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Нахустин мустамликадорони Фаронса соли 1604 ба Гвиана омада буданд. Дар асри 17 – ибтидои асри 19 барои ба даст овардани Гвиана байни Британияи Кабир, Фаронса ва Нидерландия мубориза давом кард. Соли 1817 ҳокимияти фаронсавиҳо дар Гвиана пойдор шуд. Аз охири асри 17 фаронсавиҳо зироаткориро дар Гвиана ривоҷ доданд. Аз сабаби он ки ҳиндуён аз кор кардан дар киштзор (плантатсия)-ҳо саркашӣ мекарданд, фаронсавиҳо ғуломони зангиро аз Африқо ба ин ҷо оварданд. Соли 1848 ғуломдорӣ дар Гвиана барҳам дода шуд, ки ин боиси норасоии қувваи корӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ гардид. Ин ҳолат ҳукумати Фаронсаро водор намуд, ки сиёсати ҳавасмандкунии муҳоҷиронро пеш гирад. Дар нимаи дуввуми асри 19 ва ибтидои асри 20 аҳолии мустамлика, асосан, аз ҳисоби муҳоҷирати креолҳо аз ҷазираҳои Антили Фаронса ва ҳиндуёну хитойиҳои барои кор дар киштзор (плантатсия)-ҳо ҷалбшуда афзуд. Кашфи конҳои тило дар Гвиана ҳазорҳо нафар одамонро ба ин ҷо ҷалб намуд. Дар авҷи «васвасаи тило» дар бешаҳои Гвиана то 40 ҳазор нафар заршӯ (тилоков) кор мекарданд, ки аксарияташон бар асари бемориҳои гуногун, газидани мору ҳамлаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ба ҳалокат мерасиданд. Аз соли 1852 Гвиана ба бадарғагоҳ табдил ёфт. Нахустин бадарғашудагон ширкаткунандагони Инқилоби бузурги Фаронса (1848) буданд. Аз соли 1852 то соли 1939 ба Гвиана қариб 70 ҳазор кас бадарға карда шуд. Соли 1946 Гвиана ҳуқуқи «департаменти хориҷӣ»-ро гирифт.

Ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба[вироиш]

Ҳизбҳои сиёсии асосӣ: Ҳизби сотсиалистии Гвиана (таъсисаш 1956), Қувваҳои демократии Гвиана (таъсисаш 1989), Амали демократии Гвиана, Иттиҳод барои дастгирии ҷумҳурӣ, Иттифоқи ҳизбҳои сиёсии Фаронса барои демократияи фаронсавӣ.

Иқтисод[вироиш]

Дар Б. истихроҷи тило асосан барои содирот ба роҳ монда шудааст. Саноат бештар ба коркарди ашёи хом асос ёфтааст. Барои содирот ром ва консерваи креветка истеҳсол мекунанд. Саноати ҷангал (истеҳсоли чӯбу тахта ва чӯби гаронбаҳо) ҳам тараққӣ кардааст. Маркази миллии Фаронса оид ба таҳқиқоти кайҳонӣ, ки дар соҳили Атлантик, дар ноҳияи Куру ҷойгир аст, дар иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозад. Дар Гвиана ба ҳисоби миёна 450 млн/кВт соат неруи барқ истеҳсол мегардад. Заминҳои корами Гвиана (қариб 0,11 дарсади масоҳати мамлакат) қад-қади соҳили Атлантик ҷойгиранд. Асосан найшакар (барои содирот), шолӣ, маниок, ҷуворӣ, банан, сабзавот мепарваранд. Маҳсулоти хӯрокворӣ қисман аз Фаронса ворид карда мешавад. Чорводорӣ суст тараққӣ кардааст. Асосан гов, хук ва парандаҳои хонагӣ парвариш карда мешаванд. Гвиана 11 фурудгоҳ дорад, р. о. надорад. Қисми зиёди бор тавассути нақлиёт кашонда мешавад. Тӯли роҳҳои автомобилгард – 1817 км, роҳҳои обӣ – 3300 км. Бандарҳои асосиаш: Кайенна, Деград де Канн, Сен-Лоран-дю-Марони. Гвиана ба хориҷа асосан чӯбу тахта, тило, креветка, ром содир карда, аз он ҷо хӯрокворӣ, молҳои саноатӣ, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот, маҳсулоти саноати кимиё ворид менамояд. Харидорони асосии маҳсулоти содиротии Гвиана Фаронса, Швейсария, ИМА буда, маҳсулоти воридотӣ аз Фаронса, ИМА, Тринидад ва Тобаго харидорӣ карда мешавад. Иқтисодиёти Гвиана аз бисёр ҷиҳатҳо ба ёрии моддии Фаронса вобастагӣ дорад. Маориф. Низоми маориф дар асоси қонунҳои Фаронса роҳандозӣ шудааст. Таълим барои кӯдакони синни 6–14-сола ҳатмӣ буда, ба забони фаронсавӣ сурат мегирад. Муҳлати таҳсил дар мактаби ибтидоӣ 5 сол, дар мактаби миёнаи нопурра (коллеҷ) 4 сол ва дар мактаби миёнаи пурра (литсей) 7 сол аст. Дар Кайенна китобхона, осорхона ва ин-ти таҳқиқоти илмии ба номи Пастер (доир ба бемориҳои тропикӣ) мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Гвиана // Восьмеричный путь — Германцы. — М. : Большая российская энциклопедия, 2006. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 6). — ISBN 5-85270-335-4.

Адабиёт[вироиш]

  • Гвиана Гайана. Французская Гвиана. Суринам. М., 1969;
  • Все страны мира (энциклопедический справочник). М., 2004;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008;
  • Страны мира (современный справочник). М., 2008.

Сарчашма[вироиш]