Геннадий Александров
Номи пурра | Геннадий Александров Сергеевич |
---|---|
Таърихи таваллуд | 27 апрел 1937 (87 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | СССР→ ИМА |
Пеша(ҳо) | композитор |
Геннадий Александров Сергеевич (9 апрели 1937, шаҳри Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — композитори шӯравӣ, Ходими хидматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1989).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Самарқанд (1961). Соли 1960 баъди хатми Консерваторияи давлатии Тошканд ба Душанбе омада, дар муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон кор кард.
Асарҳои мусиқӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1960 ба офаридани асарҳои мусиқӣ шурӯъ карда, қариб дар аксари жанрҳои мусиқӣ асар офаридааст. Ҳоло дар ИМА кор ва фаъолият мекунад. Асарҳои созии Александров дах пйеса барои фортепиано (1967), «Нағора» барои фортепиано (1967) ва «Достони кӯҳсор» (1970), консерт барои рубоб ва оркестри симфонӣ (1972) мебошанд. Асарҳои симфонӣ: симфонияи № 1 (ляминор, 1967) симфонияи № 2 (1969), симфонияи №3 «Нома ба асри XXX», 1972), симфонияи № 4 («Саҳифаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», 1985), достони симфонии «Фатҳи замин» (1974), сюита барои оркестри созҳои халқӣ (1977), сюита-балети «Алибобо» (1978), Мадҳия ба хотираи М. Турсунзода бар матни Л. Шералӣ (1986) ва ғайра Асарҳои калонҳҷми мусиқӣ-саҳнавӣ: «Гавазни тилоӣ» (либреттои Л. Сереброва, 1969), опереттаи «Оби ҳаёт» (либреттои М. Назаров, 1974), балети «Алибобо ва роҳзанҳо» (либреттои М. Собирова, 1983), мазҳакаи мусиқии «Фарҳод дар Норак» (1967), спектакли бачагонаи мусиқии «Оқил ва диловари накӯкор» (1986). Александров ба барои спектаклҳо низ оҳанг навиштааст: «Ҳайвонотхонаи шишагӣ» (1968), «Писарак ва Карлсон» (1967), «Писари моҳигир» (1972), «Бунафша» (1975), «Фоҷеаи хурди Пушкин» (1976), «Машъали фурӯзон» (1979). Дар асарҳои барои оркестри созҳои халқӣ эҷоднамудаи Александров ҷои асосиро савту навоҳои халқӣ ишғол мекунанд. Мазмуну мундариҷаи асарҳои Александровро тасвири олами рангину сеҳрангези кӯдакон, афсонаҳои пурмазмуну дилошуби онҳо, табиати хоси тифлакон, инчунин рӯҳияи ҳамзамонон, қаҳрамонони арсаи меҳнат, фотеҳони нерӯгоҳҳои барқию даштҳои ташналаб ва орзую омоли одамони имрӯзу оянда ташкил медиҳанд.
Оҳанги кинофилмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 70 – 80 садаи XX бо киностудияи «Тоҷикфилм» зич ҳамкорӣ дошт. Мусаннифи оҳанги кинофилмҳои «Ҳабиб ҳокими морҳо» (1972), «Истгоҳи кӯҳӣ» (1073), «Муҳосира» (1976), «Ишқи аввали Насриддин» (1978), «Гузаштаро ёд ор» (1979), «Тирнайзаи тилоӣ» (1979), «Ҷаҳиш» (1981), филми сесериягии телевизионии «Сулҳ ба хонадони шумо» (1981), «Гаравгон» (1984), «Боз як шаби Шаҳрзод» (1984), «Ман ба ӯ маъқулам» (1985), Ҷӯрашикорчӣ аз Минархар» (1985), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (1986), «Кафорат» (1987), «Охирон шаби Шаҳрзод» (1987), «Қазия дар фурудгоҳ» (3 серия, 1987), «Нигоҳ» (1988), «Дарди ишқ» (1989), «Ҳуҷра» (1989), «Тӯҳмат» (1992), «Асрори Нӯҳ пайғамбар» (якҷоя бо синамогарони Сурия, 1992). Барои филмҳои аниматсионии «Ривоят дар бораи фарзанд» (1983), «Рӯзи хушбахтӣ» (1983), «Шоҳзодаи бузғолаҳо» (1984), «Чӣ тавр гурба бо мушҳо меҷангид» (1985), «Чӯпонбачаи ҷасур» (1986), «Коваи оҳангар» (1987), «Ҷома барои абри найсон» (1988), «Мурғи Қаҳқаҳа» (1988) мусиқӣ навиштааст. Соли 1992 ба ҳайси режиссёр филми мусиқӣ-моҷароии «Қасосгираки кӯчак»-ро таҳия намуд. Александров забони тоҷикиро хеле хуб медонад, аз «Шоҳнома» ва мероси дигари мусиқии тоҷикон шиносоии ҳирфаӣ дорад. Аз ҳамин сабаб асарҳои барои кинофилм офаридааш дақиқ ва мувофиқи талабот буданд. Сурудҳои эҷодкардааш дилнишин буда, баъзе аз онҳо то ҳанӯз иҷро карда мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.