Jump to content

Гилермо Лассо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гилермо Лассо
Президенти Эквадор[d]
24 май 2021 — 23 ноябр 2023
Пешгузашта Ленин Морено
Ҷонишин Даниэл Нобоа

Таваллуд 16 ноябр 1955(1955-11-16)[1][2] (68 сол)
Ҳамсар Maria De Lourdes Alcivar[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гилермо Алберто Сантяго Лассо Мендоза (зод. 16 ноябр 1955[1][2], Гуаякил, Гуаяс, Экуадор) — президенти интихобшудаи Эквадор, бонкдор ва сиёсатмадор. Лассо бузургтарин саҳмдори Banque de Guayaquil (Банк де Гуаякил) мебошад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гилермо Лассо 16 ноябри соли 1955 дар Гуаякил таваллуд шудааст, писари хизматчии давлатӣ[4].

Соли 1998 губернатори музофоти Гуаяс таъйин карда шуд[4]. Соли 1999 вай вазири иқтисод шуд ва ҳамзамон вазорати молия ва вазорати энержии кишварро идора кард, аммо дар ин вазифа ҳамагӣ 37 рӯз кор кард. Аз сабаби ихтилофи назар дар бораи қарзи давлатӣ бо президент Хамил Мауад ӯ маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад.

Мушовири иқтисодии Люсио Гутиеррес буд[4].

Солҳои дароз ӯ ба бонки хусусии «Гуаякил» роҳбарӣ мекард[4].

Номзади президентӣ дар интихоботи умумии Эквадор 2013 аз ҳизби CREO. Вай бо 22,68 % овозҳо дар ҷои дуввум қарор гирифт, аммо президенти амалкунанда Рафаэл Корреа беш аз ду маротиба, яъне 57,17 % овоз гирифт.

Дар аввали соли 2017, Лассо маъракаи дуввуми президентии худро ҳамчун номзад аз CREO дар интихоботи президентии соли 2017 оғоз кард, бо он ки президенти кунунӣ Корреа аллакай ду давра адои вазифа кардааст ва аз ин рӯ, бинобар маҳдудияти конститутсионӣ наметавонад дубора номзад шавад. Мавзӯи маъракаи Лассо таъсиси 1 миллион ҷойҳои корӣ дар Эквадор буд. Якҷоя бо Ленин Морено ба даври дуввум рафт[5][6], ки дар он мағлуб шуд ва 49 % овозҳоро ба даст овард[7].