Jump to content

Кристоф Виллибалд Глюк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Глюк)
Кристоф Виллибалд Глюк
олмонӣ: Christoph Willibald von Gluck
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 2 июл 1714(1714-07-02)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 ноябр 1787(1787-11-15)[1][2][3][…] (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1741
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ
Соз pipe organ[d]
Сабк опера[10], мусиқии килоссик[d][11] ва балет[12]
Ҷоизаҳо
Order of the Golden Spur
 Парвандаҳо дар Викианбор
Осор дар Викитека

Кристоф Виллибалд фон Глюк (олмонӣ: Christoph Willibald Ritter von Gluck; 2 июл 1714[1][2][3][…], Эрасбах[d], Фолтси Боло[d][4]15 ноябр 1787[1][2][3][…], Вена[5][6][7][…]) — оҳангсози олмонӣ, намояндаи класситсизм.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мактаби рустоӣ (дар Чехия) баробари савод омӯхтан, илми мусиқӣ (навохтани клавир, арғунун, ғиҷҷак) ва забонҳои қадимиро (лотинию юнонӣ) аз бар намуд. Солҳои 1731—1734 донишҷӯи Донишгоҳи Порис буд, мусиқиро мукаммал фаро гирифта, дар хорҳо суруд мехонд. Солҳои 1735-36 дар Вена, дар дарбори княз Ф. Лобковите хидмат кард. Замоне, ки дар Итолиё буд (1737—1745), баробари дӯстӣ бо Ҷ. Б. Саммартини, ҳамроҳи ӯ 4 сол таҳсил кард. Дар Лондон (1746) ду асари хешро ба саҳна гузошт ва ба таълифоти Георг Фридрих Гендел ошно шуд. Солҳои 1746—1749 дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи операи сайёри бародарон Глюк ва А. Мингатти дар шащрҳои Ҳамбург, Дрезден, Лейпсиг, Копенҳаген консертҳо намоиш медиҳад.

Солҳои 1737—1752 авҷи камолоти эҷодии Глюк шумурда мешавад, ки ӯро аз як ходими мусиқии маъмулӣ ба як соҳибмаълумоти аврупоӣ, оҳангсози шоистаи эътирофи умум, капелмейстер, басаҳнагузоранда ва тарғибгари осори хеш табдил дод. Дар ин солҳо дар сабки итолиёии операҳои «Артаксерс» (1741), «Деметрий» (1742), «Тигран» (1743), «Этсио» (1751), «Иссипиле» (1752), «Титаи меҳрубон» (1751)-ро таълиф кард. Аввали солҳои 1750 ба Вена бозгашта, бо дар назар доштани ҳавасмандии шунавандагони австриягии операҳои мазҳакавии фаронсавӣ мазҳакаҳои мусиқии «Канизи қалбакӣ» (1758), «Ҷазираи Мерлини ё Қиёмат» (1758), «Беназмӣ ё ҷашни Аҳриманӣ» (1759), «Кадии фиребхӯрда» (1761) ва балетҳои «Александр» (1756), «Дон-Жуан» (1761), «Семирамида» (1765, хореографияи Глюк Анҷолини)-ро менависад. Глюк анъанаҳои пешинаро ба куллӣ тағйир дода, операро аз шаклпарастӣ, арияҳоро аз дабдабаи хушку холӣ озод карда, диққати асосиро ба драматизми он равона кард: операҳои «Орфей ва Эвриди» (1762), «Алсеста» (1767). Ӯ операро ба фоҷиаи мусиқӣ табдил дод. Операҳои «Парис ва Елена» (1770), «Армида» (1777) ва ғ. операҳои сифатан нав ва пур аз драматизм буданд.

Операҳои типи нави Глюк, ки дар натиҷаи талаботи баланди эстетикию этикии замон манзур шуданд, бо тарҳрезии оҳангсозони олмонию забони муоширати чехӣ, бо ваҳдати устодони шинохтаи итолиёӣ ва ба заминаҳои австриягию фаронсавӣ ба вуҷуд омадаанд, ки самараи ҷустуҷӯҳои тақр. 40-солаи муаллиф мебошанд. Эҷодиёти Глюк ба В. А. Мотсарт, Л. Бетховен ва Р. Вагнер таъсир расондааст.

  • Рыцарев С. А. К. В. Глюк. М., 1987;
  • Кириллина Л. В. Реформаторские оперы Глюка. М., 2006;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.