Гузел Майтдинова
Гузел Майтдиновна Майтдинова | |
Таърихи таваллуд | 5 май 1952 (72 сол) |
Зодгоҳ | Қашғар, ҶХ Хитой |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд, Осорхонаи таьрихи бунёди шаҳри Самарқанд, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд |
Ҷоизаҳо | Ифтихорномаи фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Гузел Майтдиновна Майтдинова — таърихшинос, фарҳангшинос доктори илмҳои таърих (1997), профессор (2003). Узви вобастаи Академияи илмии меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон (2000), Сафири сулҳ (2006). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2006)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузел Майтдиновна Майтдинова 5 сентябри соли 1952 дар шаҳри Қашғар ҶХ Хитой ба дунё омадааст.
- 1977 — Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқандро хатм кардааст,
- 1971—1973 — методисти хурди илмӣ дар Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд;
- 1973—1980 — мудири шуъбаи кумитаи комсомол;
- 1980—1982 — омӯзгори кафедраи таьрихи дунёи қадим, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд;
- 1982—1987 — ходими калони илмӣ, мудири Осорхонаи таьрихи бунёди шаҳри Самарқанд;
- 1987—1997 — корманди илмии шуъбаи таьрихи фарҳанги Пажӯҳишгохи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ;
- 1997—2003 — профессори кафедраи фанҳои иҷтимову гуманитарӣ ва таьрихи умумии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Аз соли 2003 профессори кафедраи таьрих ва назарияи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузел Майтдинова муаллифи 150 асари илмӣ, илмиву методӣ мебошад. Осораш масъалаҳои мубрами таърих, таърихи фарҳанги халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказиро фаро гирифтааст. Зиёда аз 50 асарашро доир ба масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати минтақавӣ эҷод намудааст. Ӯ иштирокдори конференсияҳои зиёди байналхалқӣ дар Россия, Хитой, Иордания, Полша, Грузия, Ӯзбекистон, Ӄазоқистон буда, осори илмиаш дар кишварҳои Россия, ИМА, Хитой, Англия, Япония, Эрон, Ҳиндустон, Венгрия, Туркия нашр шудаанд. Майтдинова дорандаи 15 шаҳодатнома доир ба ихтироот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998) буда, ҳангоми коркарди иншоотҳои давлатии Тоҷикистон (маҷмааҳои Ваҳдат, Ӄасри Миллат, иншоот бахшида ба солгарди шаҳри Кӯлоб) ба ҳайси мушовири илмӣ ҳисса гузоштааст. Ӯ (бо ҳаммуаллиф) тарроҳи сару либоси низомии «Посбонони фахрии Горди Президент» мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Костюм Тохаристана: история и связи. — Душанбе, 1992;
- Система и культура питания таджиков (древность и средневековье) (в соавт.).- Душанбе, 1993; Раннесредневековые ткани Средней Азии. — Душанбе, 1996;
- История таджикского костюма. Генезис костюма таджиков: древность и раннее средневековье. — Душанбе, 2003; История таджикского костюма. — Душанбе, 2004. — Т. 1-2;
- Экономические интересы России в Таджикистане: риски и возможности (в соавт.) — Душанбе, 2009.[2]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ифтихорномаи фахрии ҶТ
Адабиёт дар бораи Гузел Майтдинова
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе, 2011, — 386 стр.
- Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 май
- Зодагони соли 1952
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳриҚашғар
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо