Гулбоғи ба номи В. Куйбишев (Душанбе)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулбоғи ба номи В. Куйбишев — дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар қисмати ҷануби пойтахт дар байни майдони ба номи С. Айнӣ ва вокзали шаҳрии роҳи оҳан воқеъ аст.

Тавсиф[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулбоғи ба номи В. Куйбишев ба муносибати бино ёфтани ҳайкали В.В. Куйбишев (ходими давлатӣ ва ҳизбии даврони шӯравӣ, ки дар сохтумони ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Миёна саҳм гузоштааст ва ба Душанбе соли 1934 ташриф овардааст) назди майдони вокзали шаҳрии роҳи оҳан бунёд гардидааст. Гулбоғ дорои гулгашт, дарахту гулбута ва курсиву фаввора мебошад. Дарозии он – 400 м ва бараш 50 м. аст. Гулбоғ ҷойи фароғат ва истироҳати сокинони Душанбе шудааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мамаджанова С., Мукимов Р. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Д., 2008. — С. 285. (рус.)