Jump to content

Гулдара (ш. Гулистон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулдара
Терэкан
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа Суғд
Шаҳр Гулистон
Шаҳрак Адрасмон
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1322 тан (2013)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Гулдара (собиқ Терекан то 13.12.2011) — деҳа дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон.

То соли 1941 дар ҳайати ноҳияи Ашт буд. Бо ташкилёбии ҷамоати шаҳраки Адрасмон (26 марти 1941) ба ҳайати он ворид карда шуд. Аз Гулдара то маркази ҷамоати шаҳрак 12 км, то маркази шаҳр 78 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1322 нафар (2013). Гулдара мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ, бозор, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғпарварӣ. Заминҳояш аз наҳри Дреш обёрӣ мешаванд.

Шахсони номдор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷанговари шуҷоъ, дорандаи медали «Барои шуҷоат» (соли 2013 ба пайвандонаш супорида шудааст) Қанаев Қучқор, ки соли 1943 дар вилояти Витебски Ҷумҳурии Белоруссия вафот кардааст, дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.