Jump to content

Давлаталӣ Мирзоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлаталӣ Мирзоев
Давлаталӣ Мирзоев
Таърихи таваллуд 1 март 1955(1955-03-01) (69 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ветеринария
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001)

Давлаталӣ Мирзоев (01.03.1955, посёлкаи Восеъи н. Восеъ) — олим, доктори илмҳои байторӣ (ветеринарӣ) (1997), профессор (1999).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1984 факултаи ветеринарии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) ба охир расонда, ба сифати сардори дастаи чандзудоии Маркази муборизаи зидди касалиҳои чорвои н. Восеъ кор кардааст. Солҳои 1986-1990 дар Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон вазифаҳои лаборант, ходими илмӣ, ходими калони илмиро иҷро намуда, 1991-1994 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи микробиология ва эпизоотологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, 1994-1997 докторанти Институти умумирусиягии ветеринарияи таҷрибавии шаҳри Маскав, 1997-1999 мудири кафедраи микробиология ва эпизоотологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, 1999-2003 ноиби ректор оид ба илм, 2003-2005 ректори ҳамин Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур буд. Аз соли 2005 директори Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии Тоҷикистон мебошад. Перомуни микробиология, эпизоотология, пешгирӣ ва мубориза зидди касалиҳои чорво, ташхиси дифференсиалии касалиҳои чорво ва ғайра зиёда аз ҳаштод кори илмӣ ба табъ расондааст.

  • Совершенствование диагностики и профилактики туберкулёза крупного рогатого скота. – М., 1989;
  • Оптимальная диагностическая доза ППД – туберкулика для млекопитающих. – Курск, 1996;
  • Комплексная программа неотложных мер борьбы с туберкулёзом среди сельскохозяйственных животных. – Д., 1996;
  • Туберкулёз животных в условиях Юго-Восточной зоны Центральной Азии: Дисс… доктора ветерин. наук. – М., 1997;
  • Сравнительная оценка однократного и двукратного введения туберкулика. – Д., 1998;
  • Применение безаголного инъектора при исследовании животных натуберкулёз. – Д., 1999;
  • Наставление по ускоренной методике проведения симультаннойтуберкуликовой пробы ӯ крупного рогатого скота. – Д., 2001;
  • Эпизоотология. – Д., 2001;
  • Технология ва стандартизатсияи маҳсулоти чорво. – Д., 2004. ва диг.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 342.