Дарвеш Мақсуди Андигонӣ
Таърихи даргузашт | 1514 |
---|---|
Маҳалли даргузашт |
Дарвеш Мақсуди Андигонӣ (?, Андигон — 1514, Ҳирот) — мусиқидон, хонанда, оҳангсоз, навозанда ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодаи Андигон. Фаъолият, камолоти ҳунариаш дар Ҳирот, замони ҳукуматдории Султон Ҳусайни Бойқаро (1470—1506) сурат гирифтааст. Мусиқӣ ва шеърро назди устоди мусиқӣ Мавлоно Оҳии Ҳиравӣ омӯхт. Муддати зиёд дар дарбор ба сифати мутриб ва коргузори ҳунармандон хидмат карда, бо устодони созу овоз, шеър Навоӣ, Ҷомӣ, Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ Ҳофизи Ушшоқӣ, Ҳофизи Мираки Бухороӣ, Хоҷа Ҳамзаи Чочӣ (Тошкандӣ) ва диг. ҳамкории ҳунарию эҷодӣ доштааст. Баъди забти Ҳирот аз ҷониби Шайбониён зиндагии Дарвеш Мақсуд дар Бухоро сурат мегирад ва баъди чанд сол ӯ боз ба Ҳирот бармегардад Дарвеш Мақсуд дар санъати овозхонӣ, сознавозӣ, мусаннифӣ истеъдоди хуб дошта, дар жанру шаклҳои шеърию мусиқии «тарона», «нақш», «савт», «қавл», «амал», «навбат» ихтирооти зиёд аз худ боқӣ монда, дар тазмини мақо-мҳои «Сегоҳ», «Наво», «Рост» ва «Бузург» тас-нифоти хуб бар ғазалиёти Ҷомӣ, Навоӣ ва диг. сохтааст. Табъи некӯи шоирӣ ҳам дошта, ғаза-лҳои ошиқона мегуфта аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дарвеш Мақсуди Андигонӣ / А. Раҷабов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Дарвеш Мақсуди Андигонӣ // А — Калим. — Д. : СИЭМТ, 1988. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 1). — ISBN 5-89870.
- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 58. — ISBN 978-99947-49-13-3.