Jump to content

Деҳоти Яхтан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Яхтан
Яхтан
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Деваштич
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 13464 тан (2011)
Номи қавмӣ ғончигӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ҷамоати Яхтан — ҷамоатест дар ноҳияи Деваштич вилояти Суғди Тоҷикистон.

Сохтори маъмурию ҳудудии Ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич вилояти Суғд 8 деҳаро дар бар мегирад, аз он ҷумла: деҳаҳои Қизилӣ, Қийғир, Даштикон, Хуштоири Мухлон, Хуштоири Ҷар, Ҷари Ғуломкуш, Дам ва Яхтанро дар бар мегирад. Маркази маъмурии Ҷамоат дар деҳаи Хуштоири Мухлон ҷойгир мебошад. Масофаи байни маркази Ҷамоат аз маркази ноҳия 14 км аст. Чамоати деҳоти Яхтан аз шимолу шарқ бо ноҳияи Спитамен, аз ғарб — бо шаҳри Истаравшан, аз ҷануб — бо ҷамоати Ғазантараки ноҳия ҳамсарҳад аст. Ҷамоати деҳоти Яхтан соли 1930 ташкил шудааст. Таърихи пайдоиши деҳаҳои ҳудуди Ҷамоат асосан марбут ба муҳайё будани шароити нисбатан мусоид барои чорводорӣ буд, ки мардуми ин мавзеъ ба туфайли чарогоҳҳои васеъю сералаф дар ин ҷой муқимӣ шудаанд. Ба ғайр аз ин ҷойгиршавии ҷуғрофии деҳаҳои ҳудуди Ҷамоат, аз он далолат мекунад, ки деҳаҳо асосан дар шафати роҳи куҳан, ки онро «Роҳи абрешим» ном мебаранд, ҷойгир мебошанд. Дар замони қадим «Роҳи абрешим», барои тараққиёти иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии деҳоти Яхтан нақши назаррас бозида, пайвандгари тамаддунҳо ва ризқрасон низ будааст. Ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва сиёсати пайгиронаи давлату ҳукумат имрӯз «Роҳи Абрешим» аз нав «эҳё» шуда, тақрибан 10 км шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд аз ҳудуди Ҷамоат мегузарад ва барои рушди соҳибкориву тиҷорат мусоидат намуда истодаааст.

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо. Ҷамоати деҳоти Яхтан дар қисми шимолии маркази ноҳия (шаҳраки Ғончӣ) ҷойгир шуда, масоҳаташ 16850 га-ро ташкил менамояд. Ҷамоат дар минтақаи дорои иқлими гарми субтропикӣ, бориш нисбат ба дигар минтақаҳои ноҳия камтар мебошад. Дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво то ба 35 — 42 дараҷа гармӣ расида, ҳарорати миёнаи ҳаво дар давоми сол 23- 25 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Қисмати шимолии ҳудуди Ҷамоат, ҳудуди деҳаҳои Даштикон, Хуштоири Мухлон ва мавзеи «Сексарӣ» — и деҳи Қизилӣ, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор, мавзеи дорои шамоли сахт, ки аз тарафи шарқ мевазад, ҷойгузин аст. Релефи ҳудуди Ҷамоат аксаран ҳамвор, талу теппаҳои паст ва фарохро дорост. Мављудияти чарогоҳҳои фароху сералаф ва иқлими мусоид боиси шуғли бештари аҳолии маҳаллӣ ба чорводорӣ гаштааст. Ҳудуди Ҷамоат дорои захираҳои бойи масолеҳи сохтмон (хоки аълосифат барои хишти хому пухта), обҳои зеризаминӣ (мавзеи сойи Хуштоир, ки зиёда аз 400 литр обҳои зеризаминӣ дорад), чашмасорҳо дар деҳаи Қизилӣ, мавзеи Қутурбулоқ ва оби гарми зеризаминӣ дар деҳаи Қизилӣ мебошад.

Аҳолии Ҷамоат ба ҳолати 01.01.11 13464 нафар, аз ҷумла 6727 нафар мардон ва 6737 нафар занонро ташкил медиҳад. Ҳамасола 300—350 нафар афзоиш ёфта, ба ғайр аз ин аз ҳисоби муҳоҷирони экологӣ ва ихтиёрии минтақаҳои зерикуҳии ноҳия (Ҷамоатҳои Росровут ва Овчӣ) инчунин деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ суръати афзоиши аҳолӣ бештар гардида истодааст.

Деҳоти ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳаҳои Ҷамоати Яхтан
Деҳа Аҳолӣ
Яхтан
Дам
Хуштоири Ҷар
Ҷари Ғуломкуш
Хуштоири Мухлон
Қизилӣ
Қийғир
Даштикон[1]