Бахт (деҳа, н. Деваштич)
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Деваштич |
Ҷамоат | Деҳоти Яхтан |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Дам |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 466 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3464 |
Бахт (то 2012 Дам[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич. Аз Бахт то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 8 км. Аҳолиаш 466 нафар (2017), тоҷикон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз руи маълумотҳои таърихӣ ва суханҳои калонсолон деҳа аксаран аз қабилаи Найман иборат буда, ки ҳангоми юриши лашкари чингизиёни муғул, пас аз мағлуб гардидани артиши қабилаи Найманиҳо аз тарафи Чингизиён дар макони худ, яъне қисмати шарқии ҳозира кишвари Олтойи Федератсияи Русия, ба лашкари Чингиз пайваста, ҳам ба сифати ҷанговар, ё худ ҳамчун асирони хидматгор, ба Осиёи Миёна омадаанд. Ва дар ҳар ҷое макон кардаанд, чун дар рустои Дам. Маънои калимаи Дам аз гарму бешамол будани ҷойгиршавии он, шаҳодат медиҳад, маъное дигараш аз мавзеи дамгирӣ пас аз кӯфтагии роҳ далолат медиҳад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Постановление Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан № 305 от 29 марта 2012 года — Викитека(рус.). ru.wikisource.org. 27 ноябри 2022 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2