Дилшод Раҳимӣ
Дилшод Раҳимӣ | |
|---|---|
| Раҳимов Дилшод Камолович | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 28 апрел 1974 (51 сол) |
| Зодгоҳ | деҳаи Қулмунда, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ |
| Ҷойҳои кор |
Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (2001—2006) Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (2016—2016) Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (2016—2024) Намояндгии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ЮНЕСКО (аз январи 2024) |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология (2003) |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
| Ҷоизаҳо |
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2015) медали «Хидмати шоиста» (2021) |
Дилшод Раҳимӣ (Раҳимӣ Дилшод Камолзода, то 2018 Раҳимов Дилшод Камолович; тав. 28 апрели 1974, деҳаи Қулмунда [1](Муъминободи кунунӣ), ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (2003), эксперти байналмилалии ЮНЕСКО дар самти мероси фарҳанги ғайримоддӣ.
Таҳсилот
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи мактаби миёнаи № 70-и ноҳияи Ҳисор, Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 52-и шаҳри Душанбе (1992) ва факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1994-1999) мебошад. Солҳои 1999—2002 аспиранти Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилшод Раҳимӣ фаъолияти кории худро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи филология аз соли 2001 оғоз намуда, то соли 2006 идома додааст. Солҳои 2006-2016 мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд ва ҳамзамон шуруъ аз соли 2009 бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамкорӣ дошт.
Солҳои 2016-2020 муовини директор оид ба корҳои методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, солҳои 2020-2022 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва солҳои 2022-2024 мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буд.
Дилшод Раҳимӣ 16 январи соли 2024 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъйин шудааст[2].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилшод Раҳимӣ асосан дар самтҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ таҳқиқот мебарад. Ӯ муаллифи беш аз 300 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 700 мақолаи энсиклопедӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ аз буда, таълифоти илмияш дар дохили кишвар ва берун аз он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, узбекӣ, ҷопонӣ, кореягӣ, қирғизӣ, туркӣ, туркманӣ ва ба хатти форсӣ ба табъ расидаанд. Ҳамчунин Дилшод Раҳимӣ тартибдиҳандаи 23 маҷмуаи мақолаҳо ва 2 феҳрист мебошад. Аз ҷумла, соли 2007 маҷмӯаи достонҳои эпоси «Гӯрғулӣ»-ро бо адабиётшиноси эронӣ С. Ҳунарманд ба хатти форсӣ баргардон намуда, бо унвони «Ҳамосаи Гӯрғулӣ ба ривояти тоҷикӣ» дар ИМА нашр намудааст. Ӯ мураттиб ва муаллифи якчанд мақолаи китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» мебошад, ки соли 2017 тавассути нашриёти «ЭР-Граф» ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ нашр шудааст.
Ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилшод Раҳимӣ соли 2018 дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, иштирок намуда, аз номинатсияи «Санъати гулдӯзии чакан» дифоъ намудааст.
Ҳамчунин ӯ дар ҷаласаи 17-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки аз 28-ноябр то 3 декабри 2022 дар шаҳри шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш баргузор шуд, иштирок кардааст, ки дар он 2 номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, рӯзи 1 декабр баррасӣ шуда, расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Инҳо — «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) ва «Суннати латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) мебошанд.
Дилшод Раҳимӣ ҳамчун коршиноси соҳаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар омӯзишу таҳқиқ, муаррифӣ ва таблиғи намунаҳои фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла сабт кардани намунаҳои фарҳанги миллӣ дар феҳристи ЮНЕСКО саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ муаллифи номинатсияҳои «Оши палав» (соли сабт дар ЮНЕСКО 2016), «Санъати гулдӯзии чакан» (2018), «Фалак» (2021); «Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас» (2023); ҳамчунин ӯ яке аз муаллифони номинатсияи «Наврӯз» ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии башарият (соли сабт ва такмил 2008, 2016, 2024 муштарак бо 12 кишвар) мебошад. Номинатсияҳои дигари дар ҳамкорӣ таҳиякардаи Дилшод Раҳимӣ инҳоянд: «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (2022), «Ҷашни Сада» (муштарак бо Эрон, 2023); «Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ» (муштарак бо Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон, 2023); «Ҷашни Меҳргон» (2024, муштарак бо Эрон); «Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ» (2024, муштарак бо Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон).
Ӯ бори нахуст дар кишвар, мутобиқ ба моддаи 12-уми Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ»-ро таҳия намуд, ки бо такмилу таҷдид солҳои 2015, 2016, 2018, 2020, 2023, 2025 мунташир гаштааст. Феҳристи мазкур айни замон дорои 567 унсури мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик буда, ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ аз чоп баромадааст.
Д. Раҳимӣ аз соли 2024 ҳамчун Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО фаъолият карда, дар сабт шудани парвандаи номинатсионии кишвар ва муаррифии мероси фарҳанги миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми муносиб мегузорад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик ( монография, 2004);
- Чинори пургул (маҷмуаи мақолаҳо, 2008);
- Фолклори тоҷик (дастури таълимӣ, 2009);
- Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон (маҷмуаи мақолаҳо, 2011);
- Фолклор: усул, равия ва макотиб (2014, ба хатти форсӣ),
- Ҷашни Меҳргон (2012),
- Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода (маҷмуаи фолклорӣ, ҳаммуаллиф Р. Аҳмад, 2012),
- Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон (маҷмуа, 2012),
- Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон (2014),
- Наврӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон (2018),
- "Ҳамосаи Гӯрғӯлӣ ва шинохти он (монография, ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, 2019),
- Тиргон — ҷашни об (рисолаи илмӣ, 2019),
- Меҳргон — ҷашни баракату фаровонӣ (рисолаи илмӣ, 2020),
- Сада — ҷашни гармию нур (рисолаи илмӣ, 2020),
- Наврӯз — ҷашни замину офариниш (рисолаи илмӣ, 2021),
- Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон (2021),
- Ҳифз, муаррифӣ ва рушди мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон (монография, 2021),
- Шаби Ялдо -- Шаби оғози чилла (рисолаи илмӣ, 2022),
- Ҳунарҳои суннатии тоҷикон (2022, ҳаммуаллиф Ализода А.),
- Намунаи сенарияҳои ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ (2023, ҳаммуаллиф Давлатов Ф.),
- Сайри Лола – ҷашни пайванди инсону табиат (рисолаи илмӣ, 2024),
- Олами гулдӯзии тоҷикон (2024).
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилшод Раҳимӣ соли 2008 барои монографияи «Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик» бо Ҷоизаи Академияи илмҳои ҶТ барои олимони ҷавон ва соли 2013 барои силсилаи китобҳо дар соҳаи фолклоршиносӣ бо Ифтихорномаи АИ ҶТ қадрдонӣ шудааст.
Ҳамчунин барои хидматҳои арзанда Д. Раҳимӣ соли 2015 бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»[3], соли 2018 бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги ҶТ ва соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳолномаи Дилшод Раҳимӣ(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 28 апрели 2021 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъин намудани Раҳимӣ Д. К.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (16 Январ 2024). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 462—463