Дилшод Раҳимӣ
Раҳимов Дилшод Камолович | |
Таърихи таваллуд | 28 апрел 1974 (50 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Қулмунда, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ |
Ҷойҳои кор |
Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (2001—2006) Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (2016—2016) Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (2016—2024) Намояндгии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ЮНЕСКО (аз январи 2024) |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология (2003) |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2015) медали «Хидмати шоиста» (2021) |
Дилшод Раҳимӣ (Раҳимӣ Дилшод Камолзода, то 2021 Раҳимов Дилшод Камолович; тав. 28 апрели 1974, деҳаи Қулмунда, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик, номзади илмҳои филология (2003), эксперти байнулмиллии ЮНЕСКО дар риштаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилшод Раҳимӣ 28 апрели соли 1974 дар деҳаи Қулмундаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст[1]. Хатмкардаи мактаби миёнаи № 70-и ноҳияи Ҳисор, Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 52-и шаҳри Душанбе (1992) ва факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1994—1999) мебошад. Солҳои 1999—2002 аспиранти Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
Дар пешравии Дилшод Раҳимӣ омӯзиши асарҳои фолклоршиносию мардумшиносии русу аврупоӣ, омӯзиши курси мардумшиносӣ дар Донишгоҳи Аврупои Марказӣ (Маҷористон, 2001), коромӯзии думоҳа дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин (2003), таҳсили шашмоҳа дар Донишгоҳи Оҳайёи ИМА (2004—2005) ва иштирок дар тренингу семинарҳои ташкилнамудаи ЮНЕСКО (Алмаато, Бишкек, Тошканд, Душанбе дар солҳои 2013—2019) ва ниҳоят иштироку суханронӣ дар симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ мусоидат кардаанд.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилшод Раҳимӣ фаъолияти кории худро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи филология ба ҳайси омӯзгори ҳамкор аз соли 2001 оғоз намуда, то соли 2006 идома додааст. Дар солҳои 2006—2016 мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд ва ҳамзамон сар аз соли 2009 бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамкорӣ дошт.
Дар солҳои 2016—2020 муовини директор оид ба корҳои методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, солҳои 2020—2022 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва солҳои 2022—2024 мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буд.
Дилшод Раҳимӣ 16 январи соли 2024 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъйин шудааст[2].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилшод Раҳимӣ асосан дар самтҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ таҳқиқот мебарад. Ӯ муаллифи беш аз 250 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 400 мақолаи энсиклопедӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ аз буда, таълифоти илмияш дар дохили кишвар ва берун аз он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, узбекӣ, ҷопонӣ, кореягӣ, қирғизӣ, туркӣ, туркманӣ ва ба хатти форсӣ ба табъ расидаанд. Ҳамчунин Дилшод Раҳимӣ тартибдиҳандаи 23 маҷмуаи мақолаҳо ва 2 феҳрист мебошад. Аз ҷумла, соли 2007 маҷмӯаи достонҳои эпоси «Гӯрғулӣ»-ро бо адабиётшиноси эронӣ С. Ҳунарманд ба хатти форсӣ баргардон намуда, бо унвони «Ҳамосаи Гӯрғулӣ» дар ИМА нашр намудааст. Ӯ мураттиб ва муаллифи якчанд мақолаи китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» мебошад, ки соли 2017 тавассути нашриёти «ЭР-Граф» ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ нашр шудааст.
Фаъолият дар ЮНЕСКО
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилшод Раҳимӣ иштирокдории чандин симпозиум, конференсия ва семинарҳои байналмилалӣ буда, дар кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркия, Гурҷистон, Олмон, ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни фарҳанги анъанавии тоҷикон маъруза кардааст. Ӯ соли 2018 дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, иштирок намуда, аз номинатсияи «Санъати гулдӯзии чакан» ҳимоят намудааст.
Ҳамчунин ӯ дар ҷаласаи 17-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки аз 28-ноябр то 3 декабри 2022 дар шаҳри шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш баргузор шуд, иштирок кардааст, ки дар он 2 номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, рӯзи 1 декабр баррасӣ шуда, расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Инҳо — «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) ва «Суннати латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) мебошанд.
Дилшод Раҳимӣ ҳамчун коршиноси соҳаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар омӯзишу таҳқиқ, муаррифӣ ва таблиғи намунаҳои фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ муаллифи номинатсияҳои «Оши палав» (соли сабт дар ЮНЕСКО 2016), «Санъати гулдӯзии чакан» (2018), ҳамчунин ӯ яке аз муаллифони номинатсияи «Наврӯз» ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии башарият (соли сабт дар — 2016, муштарак бо 11 кишвар) мебошад. Номинатсияҳои дигари дар ҳамкорӣ таҳиякардаи Дилшод Раҳимӣ — «Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли атласу адрас дар Тоҷикистон» (соли пешниҳод ба ЮНЕСКО — 2018), номинатсияҳои муштараки «Ҷашни Меҳргон» (2019), «Ҷашни Сада» (2020), «Рубоб» (2020) «Кашидадӯзӣ — гулдӯзӣ» (2020), дар ҷараёни омӯзиши комиссияи мутахассисони ЮНЕСКО қарор доранд.
Ӯ бори нахуст дар кишвар, мутобиқ ба моддаи 12-уми Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ»-ро таҳия намуд, ки бо такмилу таҷдид солҳои 2015, 2016, 2018 ва 2020 мунташир гаштааст. Феҳристи мазкур айни замон дорои 538 унсури мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик буда, ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ аз чоп баромад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик (2004),
- Чинори пургул (2008),
- Фолклори тоҷик (дастури таълимӣ, 2009),
- Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон (2011),
- Фолклор: усул, равия ва макотиб (2014, ба хатти форсӣ),
- Ҷашни Меҳргон (2012),
- Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода (ҳамроҳ бо Р. Аҳмад, 2012),
- Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон (2012),
- Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон (2014),
- Наврӯз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон (2018),
- "Ҳамосаи Гӯрғӯлӣ ва шинохти он (ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, 2019),
- Тиргон — ҷашни об (2019),
- Меҳргон — ҷашни баракату фаровонӣ (2020),
- Сада — ҷашни гармию нур (2020),
- Наврӯз — ҷашни замину офариниш (2021),
- Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон (2021),
- Ҳифз, муаррифӣ ва рушди мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон (2021),
- Шаби Ялдо — Шаби оғози чилла (2022).
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дилшод Раҳимӣ барои монографияи «Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик» бо Ҷоизаи Академияи илмҳои ҶТ барои олимони ҷавон (2008) ва соли 2013 барои силсилаи китобҳо дар соҳаи фолклоршиносӣ бо Ифтихорномаи АИ ҶТ сазовор гаштааст.
Барои хидматҳои арзандааш Дилшод Раҳимӣ соли 2015 бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»[3], соли 2018 бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги ҶТ ва соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хидмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳолномаи Дилшод Раҳимӣ(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 28 апрели 2021 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъин намудани Раҳимӣ Д. К.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (16 Январ 2024). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 462—463