Дузанагӣ ё серзанагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дузанагӣ ё серзанагӣ - дузана будан ё бисёр зан доштан.

Дузанагӣ аз дидгоҳи қонунгузорӣ[вироиш]

Дузанагӣ ё серзанагӣ ҷиноят ба муқобили оила ва ноболиғон буда,дар м. 170 Кодекси Ҷиноятии ҶТ пешбинӣ гардидааст. Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд дузанагӣ ва серзанагӣ баробарҳуқуқии занонро дар муносибатҳои никоҳӣ бо мардҳо вайрон карда, онро дар оила вобаста гардонида, ба шахсияташ зиён мерасонад. Вале чизи асосие, ки моҳияти ҷинояти мавриди назарро муайян месозад, вайрон шуданн тартибу низоми муносибатҳои оилавӣ-никоҳӣ мебошад.

Тарафи объективин ҷиноятро дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пеш бурдани хоҷагии умумӣ ташкил медихад. Ба роҳ мондани ҳоҷагидории умумӣ аломати ҳатмии дузанагӣ ё серзанагӣ мебошад. Ҳамхобагӣ бо ду ё зиёда зан танҳо вақте ҷинояти мавриди назарро ба вуҷуд меоварад, ки ҳамаи иштироккунандагони он оилаи ягонаро ба вуҷуд меоваранд, агар хоҷагии умумӣ набошад, ҷиноят истисност. Ҳолатҳои чудогонаи алоқаи ҷинсии ашхосе, ки дар никоҳ қарор доранд, бо зани бегона чун дузанагӣ дониста намешавад, ҳатто дар сурате, ки шахс ба таври мунтазам кӯмаки моддӣ ба зан расонида бошад.

Субъекти ҷиноят мардест, ки ба синнн никоҳ расида ва дар никоҳ қарор дорад. Тарафи субъективии ҷиноятро қасди бевосита ташкил медиҳад. [1]

Дузанагӣ аз дидгоҳи шариати Ислом[вироиш]

Далели бисёрзанӣ дар Қуръон дар сураи Нисо, ояти 3 омадааст:

« Ва агар метарсед, ки (ба ҳангоми издивоҷ бо духтарони ятим) адолатро риоят накунед (аз издивоҷ бо онон чашмпуши кунед ва) бо занони поки (дигар) издивоҷ кунед ду ё се ё чаҳор ҳамсар ва агар метарсед адолатро (дар бораи ҳамсарон) риоят накунед, танҳо як ҳамсар бигиред ва ё аз заноне ки молики онҳоед, истифода кунед. Ин кор аз зулм ва ситам пешгири мекунад.
»

Нигаред[вироиш]

Ҳуқуқ

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 158-159