Jump to content

Евгений Примаков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Евгений Примаков
Примаков Евгений Максимович
Таърихи таваллуд 29 октябр 1929(1929-10-29)
Зодгоҳ ш. Киев, Украина
Таърихи даргузашт 26 июн 2015(2015-06-26) (85 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ олим
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ[d] (1969)
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
 Парвандаҳо дар Викианбор

Примаков Евгений Максимович — (тав. 1929 Киев2015), Доктори илми иқтисодӣ (1969), профессор (1972). Академики АИ Русия (1979), Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти шарқшиносии Москваро хатм кардааст (1953). ихтисос- «иқтисодиёт»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои байналмилалӣ. Ходими калони илмӣ (1956-1962), муовини директори Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии АИ ИҶШС (1970-1977). Директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1977-1985). Директори Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии АИ ИҶШС (1985-1989). Академик-котиби Шуъбаи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, узви Раёсати АИ ИҶШС (1988-1989). Раиси Шӯрои Иттифоқи Шӯрои Олии ИҶШС (1989-1990), сардори Хадамоти марказии разведкаи ИҶШС (1991), директори Хадамоти разведкаи хориҷии Россия (1991-1996), вазири корҳои хориҷии ФР (1996-1998), раиси Ҳукумати ФР (1998-1999), президенти Палатаи савдову саноати Федератсияи Русия (2001-2011).

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, «Нишони Фахрӣ», «Барои хидмат баҳри Ватан» дараҷаҳои 1, 2, 3, Шараф, медалҳо ва ҷоизаҳои зиёди хориҷӣ тақдир шудааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1980), ҷоизаҳои Ҷамол Абдулносир (1975), Абӯалӣ ибни Сино (1983), Ҷорҷ Кеннан (1990), ҷоизаи байналмилалии Гуго Гротсия (2000).[2]

  1. Скончался Евгений ПримаковРИА Новости, 2015.
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Д.: Дониш, 2011. - 216 с.