Jump to content

Закӣ Абдуллохӯҷаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Закӣ Абдуллохӯҷаев
Абдуллохӯҷаев Закӣ Ёқубович
Таърихи таваллуд 12 феврал 1929(1929-02-12)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 25 феврал 1991(1991-02-25) (62 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1950)
Ҷоизаҳо
Ордени Дӯстии халқҳо — 1989

Закӣ Абдуллохӯҷаев (Абдуллохӯҷаев Закӣ Ёқубович; 12 феврали 1929, Хуҷанд25 феврали 1991, Душанбе) — духтури бемориҳои сироятӣ, доктори илми тиб (1967), профессор (1969).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факулети педиатрии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (ИДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1950). Солҳои 1955 – 60 ассистент ва дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии ИДТТ, 1967 – 68 ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Институти эпидемиология ва гигиенаи шаҳри Душанбе буд. Соли 1968 дар заминаи Беморхонаи шаҳрии клиникии №2 кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконро ташкил карда, то соли 1991 мудирии онро ба уҳда дошт. Саринфексионисти Вазорати тандурустии ҶТ оид ба бемориҳои кӯдакон (1968 – 87).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мавзӯи «Омӯзиши раванди оксиду барқароршавӣ ва мувозанати кислотаю ишқор ҳангоми бемории Боткин» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Оид ба бемориҳои сироятӣ зиёда аз 100 асари илмӣ, таълимию методӣ дорад. Фаъолияти илмию амалии Абдуллохӯҷаев асосан ба дарёфти усулҳои самараноки пешгирӣ ва табобати гепатитҳои вирусӣ равона шудаанд. Тадқиқот дар ин самт бо ҳамкории беморхонаю институтҳои номии советӣ, масалан, Институти вирусологияи ба номи Д. И. Ивановскийи АИТ СССР, ҳамчунин Институти гастроэнтерология ва Институти эпидемиологияю гигиенаи Тоҷикистон сурат гирифтаанд. Бо роҳбарии Абдуллохӯҷаев дар собиқ Иттифоқи Советӣ бори нахуст дар Тоҷикистон барои назорати кӯдаконе, ки гепатитҳои вирусиро аз сар гузарондаанд, ҳамчунин барои одамони гирифтори бемориҳои музмини вирусии ҷигар ҳуҷраҳои диспансерӣ ташкил карда шуданд.

Бо ордени Дӯстии халқҳо (1989) сарфароз гаштааст.

  • Ташхису муолиҷаи бемории Боткин дар бачагон, Д., 1970;
  • Тарзу усулҳои муолиҷаи баъзе бемориҳои вазнини бачагона, Д., 1972.