Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарбдор (деҳа, н. Панҷ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарбдор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Панҷ
Ҷамоат Деҳоти Намуна
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1950 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3552
Нишонаи почта 735140

Зарбдор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ. Аз Зарбдор то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 19 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1950 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, осиёби барқӣ, масҷиди панҷвақта ва 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳр аз рӯди Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии ҷамоатии тухмипарварии ба номи Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд аст.