Гулобод (деҳа, н. Панҷ)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулобод | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Панҷ |
| Ҷамоат | Деҳоти Нури Ваҳдат |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 2392 нафар (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3552 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Гулобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2392 нафар (2017), тоҷикон.
Соли 1949 ташкил шуда, мардумаш асосан аз ноҳияҳои Файзобод ва Тавилдара кӯчидаанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Бунгоҳи тиббӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 масҷиди панҷвақта дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Туғул таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 50 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Арбоби давлатӣ Болта Нидоев дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2