Заур Дахте

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заур Дахте
Ном ба ҳангоми таваллуд: Дахте Заур Рустамович
Таърихи таваллуд: 18 август 1937(1937-08-18) (86 сол)
Зодгоҳ: Доғистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: аккос
IMDb: ID 1125649

Заур Дахте (Дахте Заур Рустамович; тав. 18 августи 1936[1], Доғистон) — филмбардор ва аккоси шинохта, ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Ирон зиндагӣ кардааст. Ӯ то синфи 6 дар мадрасае дар шаҳри Теҳрон таҳсил намудааст. Заур Дахте аз соли 1955 то соли 1958 дар парваришгоҳи байналмилалии Интердом шаҳри Ивановои Русия таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Баъд барои кор ба студияи «Тоҷикфилм» ба шаҳри Душанбе омад. Пас аз муддате ба Донишгоҳи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) пазируфта шуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш, ӯро ба унвони филмбардори студияи «Тоҷикфилм» мешинохтанд.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Рисолаи дипломии ӯ филми кӯтоҳи ҳунарии «Лола» буд, ки бар асоси достони ҳамноме аз Содиқ Ҳидоят, нависандаи фақиди эронӣ сохта шудааст. Пас аз ин филм ӯ ба унвони филмбардор ва таҳиягар шуҳрат пайдо кард. Соли 1968 ӯ филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна»-ро филмбардорӣ кард. Сипас, силсилаи филмҳои «Чор нафар аз Чорсанг» (дар ду қисмат, дар таҳияи М.Қосимова), «Паланг зарур аст» (дар таҳияи Б. Арабов), «Шераки ҷасур» (дар таҳияи М. Маҳмудов)-ро филмбардорӣ кард.

Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохта Борис Кимёгаров дар фаъолияти эҷодии ӯ ҷойгоҳе хос дорад. «Одам пӯсташро иваз мекунад» ва «Рустам ва Суҳроб» беҳтарин филмҳои сохти «Тоҷикфилм» маҳсуб мешаванд ва ин филмҳо на танҳо дар қаламрави шӯравии собиқ, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёд доштанд. Дар сохти ин филмҳо Заур Дахте ба унвони филмбардор саҳми бузурге дорад.

Заур Дахте дар таҳияи беш аз 600 филми мустанад ширкат кардааст. Ду филми ӯ ба Малика Собирова, ситораи балети тоҷик ва шӯравӣ ихтисос доранд. «Малика»- филми аввали Заур Дахте соли 1966 ҷоизаи ҷашнвораи синамои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба худ ихтисос дод. Дар соли 1982, пас аз даргузашти Малика Собирова, Заур Дахте филми дуюми худро бо номи «Маликаи мо» сохт.

Дар даҳаи 1970 ва 1980 Заур Дахте борҳо ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро филмбардорӣ кард. Сужаҳои зиёде дар бораи бостоншиносон ва бозёфтҳои онҳо, аз ҷумла муҷасаммаи Буддоро филмбардорӣ карда, ки ҳоло дар музеи мардумнигории Тоҷикистон маҳфуз аст.

Ҷасорату мардонагии Заур баъд аз он вирди забонҳо шуд, ки ӯ барои филмбардории Юрий Баранов, қаҳрамони ҷаҳон дар чатрбозӣ дар филми «Маҳалли зиндагиаш-осмон» 17 маротиба бо чатр ва дурбини филмбардорӣ худро аз ҳавопаймо парт кард. Барои ин филм ӯ дар соли 1982 ҷоизаи аввали ҷашнвораи байналмилалии Каунас дар Литваро ба худ ихтисос дод.

Филмҳои Заур Дахте дар бораи зиндагӣ ва сарнавишти шуарои бузурги тоҷику форс Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тилоии синамои миллии Тоҷикистон ворид шудаанд.

Аккосӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар канори филмбардорӣ Заур Дахте ба аккосӣ ҳам алоқаи зиёде дорад. Солиёни зиёдест, ки ӯ аккосӣ мекунад. Аксҳояш ба мавзӯъҳои гуногун ихтисос доранд. Дар ин аксҳо танаввӯъи рангҳо ба назар мерасад ва гармии қалби аккос эҳсос мешавад. Соатҳо ин аксҳоро мешавад тамошо кард. Дар сукути аксҳои Заур Дахте умқ ва ҳаракат дида мешавад — ҳаракати эҳсосот ва андеша. Зоҳиран ин падидаест қонунӣ, вақте филмбардор аккосӣ мекунад. Албатта, на филмбардори маъмулӣ, балки яке аз беҳтарин филмбардорони синемои тоҷик.

Намоиши аксҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин намоишгоҳи аксҳои Заур Рустамович Дахте дар соли 2003 дар Душанбе баргузор шуда буд. Баъдтар намоиши осори аккосиаш дар Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Белорус баргузор шуданд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз баргузории муваффақонаи намоиши аксҳои Заур Дахте дар Русия ва Фаронса, Ҳукумати Тоҷикистон заҳамоти ӯро бо медали «Хидмати Шоиста» қадр кард. Соли 2011 Заур Дахте барандаи унвони ифтихории академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Заур Дахте. Кино-Театр.РУ. 4 октябри 2017 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]