Jump to content

Зафар Усмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зафар Усмонов
Усмонов Зафар Ҷӯраевич
Таърихи таваллуд 27 август 1937(1937-08-27)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 13 октябр 2021(2021-10-13) (84 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Николай Четаев[d] ва Дмитрий Охотсимский[d]
Ҷоизаҳо Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон
Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зафар Усмонов (Усмонов Зафар Ҷӯраевич; 26 августи 1937, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон — 13 октябри 2021, Тоҷикистон) — доктори илмҳои физика ва математика (1973), профессор (1983). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1981). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2013).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмонов Зафар Ҷӯраевич 27 августи соли 1937 дар шаҳри Сталинобод дар хонаводаи таърихшинос ва рӯзноманигори шинохта — Ҷӯра Усмонов ва ходими ҳизбӣ — Ҳамро Аҳророва ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 1944 дар мактаби миёнаи № 1 шаҳри Душанбе таҳсилро оғоз намуда дар соли 1954 онро хатм намудааст[2]. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1959 донишҷӯи Донишгохи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва фориғуттаҳсили аълохони бахши механикаи факултети механикаю математикаи донишгоҳи номбурда гаштааст.

Соли 1959 пас аз хатми донишгоҳ ба аспирантураи Шуъбаи механикаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов таҳсил намуда, аввал таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ИҶШС — Николай Четаев дар бораи устувории ҳаракат, баъдан таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ИҶШС, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ — Дмитрий Охотсимский роҷеъ ба масъалаҳои траекторияи оптималии гузариш байни орбитаҳои кайҳонӣ кор бурдааст.

Сардори Маркази ҳисоббарории АИ ҶШС Тоҷикистон (1976—1984), академик-котиби Шуъбаи илмҳои физикаву математика ва геологияю химия АИ ҶШС Тоҷикистон (1984—1988), директор (1988—1999), мудири Шуъбаи моделсозии математикии Институти математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1999 — то охири умр).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш системаҳои ҷамъбастии сингулярии Коши-Риман, геометрия, моделсозии математикӣ, автоматисозии коркарди иттилоот ба забони тоҷикӣ мебошпд.

Модули тафтиши имлои забони тоҷикӣ TajSpell 1.0 ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо дар барномаҳои Microsoft Office ва дигар барномаҳо аст, ки дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони кафедраи «Таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар Хуҷанд ва мактаби илмии лингвистикаи тоҷикӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди технологияҳои иттилоотӣ Зафар Усмонов» бо ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии Microsoft сохта шудааст.

  • Программирование состояний коллекции, — Москва.: Наука, 1983, — 124 с. (Библиотечка программиста, соавтор Т. И. Хаитов)
  • Периоды, ритмы и циклы в природе, Справочник, Душанбе, Дониш, 1990. — 151 с. (соавторы Ю. И. Горелов, л. И.Сапова)
  • Моделирование времени, — Москва.: Знание,1991, — 48 с. (Новое в жизни, науке, технике. Серия Математика, кибернетика).
  • Обобщенные системы Коши-Римана с сингулярной точкой, Матем. институт с ВЦ АН РТ, — Душанбе, 1993, — 244 с.
  • Generalized Cauchy-Riemann systems with a singular point, Addison Wesley Longman Ltd., Harlow, England, 1997, —222 p. (Pitman Monographs and Survey in Pure and Applied Mathematics).
  • Опыт компьютерного синтеза таджикской речи по тексту, Технологический университет Таджикистана, — Душанбе, Ирфон, 2010. — 146 с. (соавтор Х. А. Худойбердиев)
  • Проблема раскладки символов на компьютерной клавиатуре. Технологический университет Таджикистана, — Душанбе: «Ирфон», 2010. — 104 с. (соавтор О. М. Солиев)
  • Формирование базы морфов таджикского языка. Душанбе, 2014. — 110 с. (соавтор Г. М. Довудов)
  • Морфологический анализ словоформ таджикского языка.. Душанбе: «Дониш», 2015. — 132 с. (соавтор Г. М. Довудов) ва диг.

Ҷоизаву унвонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Унвонҳои илмӣ
  • унвони илмии профессори кафедраи «математикаи амалӣ»-и ДДТ;
  • профессори филиали дар Волжский будаи Институти энергетикаи Москва;
  • академики АФ Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «математика».
Нишону медалҳо
  • медали «Барои хидмати шоиста. Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин»;
  • Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон;
  • нишони фахрии ВЛКСМ ба муносибати 70-солагии комсомоли Ленинӣ;
  • нишони Кумитаи варзиш ва маданияти назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон «Ветеран физкультуры и спорта Таджикской ССР»;
  • Собиқадори меҳнати Федератсияи Русия (1998).

Зафар Усмонов барои силсилаи корҳо: «Системаҳои умумикардашудаи Коши-Риман бо нуқтаи сингулярӣ ва татбиқи онҳо дар геометрияи кулл» (бо забони русӣ) барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 2013 шудааст.(2013).[3][4][5] [6][7]

  1. ДОРАНДАГОНИ ҶОИЗАҲОВУ МУКОФОТҲО ДАР СОЛИ 2013. 13 Декабри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2016.
  2. Шарҳи ҳоли Усмонов Зафар Ҷураевич. www.tajlingvo.tj. 13 октябри 2021 санҷида шуд.
  3. http://mitas.tj/doc/sotrudniki/usmanov.htm Бойгонӣ шудааст 21 июни 2015  сол. Усманов З.Дж.
  4. http://www.tajpers.narod.ru/cv_usmanov.htm Усманов З.Дж.
  5. http://www.mathnet.ru/eng/person8447 Usmanov Zafar Dzuraevich
  6. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с
  7. Таджикистан. Усманов Зафар Джураевич. 10 октябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2009.