Jump to content

Збигнев Бжезинский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Збигнев Бжезинский
Бжезинский, Збигнев
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд лаҳӣ: Zbigniew Kazimierz Brzeziński
Таърихи таваллуд 28 март 1928(1928-03-28)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 май 2017(2017-05-26)[4][1][2][…] (89 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша geopolitical analyst, сиёсатшинос, омӯзишгар, устоди донишгоҳ, муаллиф, strategist, нақд
Падар Tadeusz Brzeziński[d]
Ҳамсар Emilie Benes Brzezinski[d]
Фарзанд Ian Brzezinski[d], Mark Brzezinski[d] ва Mika Brzezinski[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Збигнев Казимеж Бжезинский (тав. 28.03.1928, Варшава) — сиёсатшинос ва ходими давлатии амрикоӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Варшава дар оилаи дипломати поляк таваллуд шудааст. Ҳамроҳи оилааш дар Канада, ки падараш дар консулгарии Полша кор мекард, зиндагӣ дошт. Соли 1950 Университети Мак Гилларо хатм кард. Солҳои 1953–56 дар Университети Ҳарвард (ИМА) кор мекард. Соли 1958 шаҳрванди ИМА шуд. Солҳои 1961–77 профессор Университети Колумбия, 1969–77 директори Институти масъалаҳои коммунизми ҳамин ун-т буд. Аз нимаи с-ҳои 1960 эксперти ҳизби демократӣ доир ба масоили коммунизм ва советология. Барои сиёсати фаъол нисбат ба мамлакатҳои сотсиалистии Ғарб бо мақсади суст кардани мавқеи Иттиҳоди Шӯравӣ тарғибот мекард. Солҳои 1973–76 директори Комиссияи сетарафаи гурӯҳҳои баргузидаи ИМА, мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Ҷопон буд. Муаллифи таълимоти «барқарорсозии пул» байни ИМА ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ. Б. с-ҳои 1977–81 ёрдамчии Президент шуд ва барои дар амал татбиқ кардани сиёсати байналхалқии дастгоҳи Ҷ. Картер нақши муҳим бозид. Яке аз ташаббускорони «гурӯҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар ИҶШС ва диг. мамлакатҳои сотсиалистӣ ва ҳимояи диссидентҳо мебошад. Баъд аз шурӯъ шудани ҷанги Афғонистон (1979) ба муқобили ИҶШС сахт баромад карда, пеш гирифтани сиёсати ба Хитой наздик шуданро пешниҳод намуда буд. Аз соли 1981 мушовири Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналхалқӣ дар Вашингтон. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои тавсеаи НАТО дар Шарқ фаъолона мубориза мебурд. Пас аз афзудани таҳдиди терроризми байналхалқӣ, хусусан баъди ҳамла ба ИМА (11 сентябри соли 2001), ба масъалаи коркарди гегемония ва демократия дар олами муосир машғул шуда, тарафдори қазияе буд, ки дар садаи 21 оламро аз бесарусомониву харҷу марҷ танҳо ИМА метавонад нигаҳ дорад.

  • Великая шахматная доска: господство Америки и его геостратегические императивы. М., 2005;
  • Выбор. Мировое господство или глобальное лидерство. М., 2005.