Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зоир Раҳмонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зоир Раҳмонзода
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ
Таърихи таваллуд 8 январи 1981(1981-01-08) (45 сол)
Зодгоҳ ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Иттиҳоди Шӯравӣ
 Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод, технологияҳои иттилоотӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ (2024)
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (2003)
Ҷоизаҳо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2013)

Зоир Файзалӣ Раҳмонзода (зод. 8 январи 1981, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос, ходими давлатӣ ва сиёсатмадори тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ (2024), дотсент. Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (аз 2024).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зоир Раҳмонзода 8 январи соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Соли 1998 ба факултаи соҳибкорӣ ва менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дохил шуда, соли 2003 онро бо ихтисоси иқтисодчӣ-информатик хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи октябри соли 2011 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.

Соли 2019 соҳиби унвони илмии дотсент шуд.

Соли 2024 рисолаи докториро дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди низоми идоракунии сифати хизматрасониҳои таълимӣ дар заминаи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои амсиласозӣ» дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ гардид.

Муаллифи монографияи илмӣ, 10 китоби дарсӣ ва беш аз 120 мақолаи илмию тадқиқотӣ мебошад.