Jump to content

Абдуллоҳ ибни Масъуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ибни Масъуд)
Абдуллоҳ ибни Масъуд
араб. ар. عبد الله بن مسعود
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: қозӣ
Таърихи таваллуд: 594
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 653
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Ҳамсар Q20393085?
Ҷанг:
Самти фаъолият: фиқҳ ва тафсир
Шогирдон: Анас ибни Молик

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абдулло́ҳ И́бни Масъу́д ибни Ғофил ибни Ҳабиби Ҳузалӣ (ар. عبد الله بن مسعود‎; ?, Макка650, ?) — яке аз саҳобаҳои наздики Муҳаммад (с). Куняаш Абуабдурраҳмон, Ибни Умми Абд ва Ибни Масъуд. Шашумин нафарест, ки дини исломро пазируфт ва аз ин рӯ ӯро Содиси Ситта (Шашуми шаш нафара) мегуфтанд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи ривоёт ӯ дар асари як муъҷиза, ки бо даст расонидани Пайғамбар (с) пистони барраи меши ҳанӯз бор нагирифта пури шир шуд, мусулмонӣ пазируфт ва аз он пас мулозими хидмати Пайғамбар (с) гардид. ӯро соҳиби наълайн, висода ва сивок (кафш, болиш ва мисвоки Пайғамбар (с) мехонданд. Абдуллоҳ нахустин касест, ки Қуръонро дар Макка ошкоро хонда ба гӯши мушрикон расонд. Абдуллоҳ зулҳиҷратайн (соҳиби ду ҳиҷрат) аст, зеро як бор ба Ҳабаша ва бори дигар ба Мадина ҳиҷрат кард ва дар ҳамаи ғазавоти Пайғамбар (с) ҳозир буд. ӯ яке аз ашараи мубашшара (даҳ ёри Пайғамбар (с), ки ба онон ваъдаи биҳишт фармуд) аст. Дар ҷанги Ярмук иштирок дошт. Ҳангоми вафот дар Мадина беш аз шаст сол умр дошт. Абдуллоҳ яке аз муфассирони машҳури асҳоби киром ва асосгузори мактаби тафсир дар Ироқ ба шумор меравад. Асоси таълимоти ҳалқаи Ҳаммод ибни Абусулаймон – устоди Имоми Аъзам ба ҳамин мактаби Абдуллоҳ мепайвандад.

  1. арабская Википедия — 2003.