Jump to content

Ибодуллоҳи Солеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибодуллоҳи Солеҳ
Солеҳов Ибодуллоҳ Саъдуллоевич
Таърихи таваллуд: 15 ноябр 1962(1962-11-15) (62 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: забони тоҷикӣ

Ибодуллоҳи Солеҳ (Солиҳов Ибодулло Саъдуллоевич; 5.11.1962, деҳаи Лоҳутӣ, ноҳияи Ховалинг) — шоир ва рӯзноманигори тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Амрикои Шимолӣ[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибодуллоҳи Солеҳ 5-уми январи соли 1962 дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар Муассисаи таҳсилоти ҳамагонии ҳамин деҳа солҳои 1969-1979 таҳсил намуда, солҳои 1981-1983 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардаст. Соли 1983 ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) дохил шуда, донишгоҳи мазкурро соли 1988 бо ихтисоси зоомуҳандис хатм мекунад. Баъди хатми донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар вазифаҳои гуногун кор ва фаъолият намудаст. Айни  замон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад.

Ба эҷод намудани шеър завқи беандоза ва маҳорати баланди табиӣ дошта бо тахаллусҳои «Ҳоҷӣ» ва «Солеҳ» шеър мегӯяд. Шоир дар баробари мавзӯъҳои меҳанпарастонаю хештаншиносона ишқи поки зиндагиро ба риштаи назм кашидааст. Шоир таносуби сухан ва истифодаи санъатҳои бадеиро дар шеърҳояш моҳирона истифода бурда доимо дар ҷустуҷӯи тасвиру образҳои тозаи баланди бадеӣ аст.

Дар офаридаҳояш шебу фарози зиндагиро бо ишқу муҳаббати беандоза ба риштаи назм кашидааст. Ибодуллоҳи Солеҳ маҳорати баланди тарҷумонӣ дошта шеърҳои шоирони классику муосири хориҷиро бо забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ба тарҷумаҳояш аз тарафи тарҷумонҳо ва муҳаққиқони хориҷӣ баҳо баланд дода шудааст.

Шеърҳои Ибодуллоҳи Солеҳ бо бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шуда аст. Аз ҷумла, бо забони англисӣ аз ҷониби Сантош Кумар, франсузӣ Надежда Валеева, португалӣ Фатима Гаймеро ва Хорхе Сегуаре, бенгалӣ ва арабӣ Салма Хан, русӣ аз ҷониби академик МАРЛИ Людмила Садовская, узбекӣ Аслиддин Қамарзодаи Самарқандӣ, қазоқӣ аз тарафи Айнур Кумарханова ва дигарон тарҷума шудааст[2].

Намунаҳои ашъораш дар маҷалаҳои даврии ватанӣ ва хориҷӣ пайваста нашр мешавад. Китоби нахустинаш таҳти унвони «Ишқи Зиндагӣ» бо хатти сириллик ва форсӣ ба нашр расида, маҷмуаи дуюмаш бо номи «Сад ғазал ва сад дубайтӣ», сеюмин маҷмуаи ӯ бо номи «Ҷаҳоне дар чор сатр», "Ишќи Захмин" дастраси хонандагон шудааст.

Эҷодиёташ дар маҷмуаҳои дастҷаъмонаи «Суханварони Зарафшон», «Баёзи панҷгона», «Гулзори мухаммас»,“Сафинаи сухан”, дар Афғонистон дар китоби «Муруре ба шеъри муосири тоҷик», дар антологияи ҷаҳонии “Суруди сайёра”дар Мексико ва антологияи “Шоирони дунё дар васфи Тоҷикистон” ба чоп расидааст[3].

Асарҳояш дар нашрияи байналмиллалии PRODIGY RUBISHED,NEW EDTION нашр шудааст, инчунин китоби «Ишқи зиндагӣ» дар сомонаи ҷаҳонии еbadollahsaieh@blog.ir ва намунаҳои ашъораш дар Сомонаи ebadolIahsaleh@blogfa.com бо ҳуруфоти форсӣ чоп шудаст.

Узви Итифоқи Нависандагони Амрикои Шимолӣ СПСА, Узви палатаи Байналмиллали нависандагон ва санъаткорони СИЕРСАТ. Академики фахрии Академияи Байналмиллали адабиёт, фарҳанг, санъат ва илмҳои иҷтимоӣ мебошад.

  1. Шоири тоҷик Амрикои Шимолиро ба по хезонд… (tj-TJ). Pressa.tj. 26 ноябри 2024 санҷида шуд.
  2. ШОИРИ ТОҶИК — “ШОИРИ ҶАҲОНИИ 2022” - Ovozitojik.uz. ovozitojik.uz. 26 ноябри 2024 санҷида шуд.
  3. admin. Шеъри Ибодуллоҳи Солеҳ дар (fa-IR). بنیاد جهانی سُخن گُستران سبزمنش، Sabz manesh Foundation (27 июни 2022). 26 ноябри 2024 санҷида шуд.