Jump to content

Иброҳими Адҳам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳими Адҳам
араб. ар. إبراهيم بن أدهم
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: ascetic, илоҳиётшинос, сӯфӣ
Таърихи таваллуд: 13 май 718
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 776[1]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Устодон: Фузайл ибни Аёз
Шогирдон: Ҳузайфаи Маръашӣ[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуисҳоқ Иброҳим ибни Адҳами Иҷлӣ (ар. إبراهيم بن أدهم‎; 13 май 718, Балх, Хуросон, Хилофати Умавиён776, Ҷабла[d], Ҷунд Ҳимс[d], Хилофати Аббосиён) — ориф ва зоҳиди форс-тоҷик аз аъёнзодагони Балх, устоди Шақиқи Балхӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иброҳим ибни Адҳам ибни Сулаймон ибни Мансури Балхӣ, аз бузургони мактаби зуҳд[2] ва аз орифони қарни дуввуми ҳиҷрӣ дониста мешавад.[3] Куняи ӯ Абуисҳоқ[4] ва ба ӯ «ал-Иҷлӣ» низ гуфта шудааст.[5] Иброҳими Адҳам дар соли 80 ҳ.қ.[6] ё 100 ҳ.қ.[7] дар хонаводаи ғайри араб[8] ё аз арабҳои Банӣ Тамим[9] дар шаҳри Балх, ки ҷузъе аз Хуросон буд, таваллуд шуд.[10] Заҳабӣ, нависандаи китоби Таъриху-л-ислом муътақид аст, ӯ дар сафари волидайнаш барои анҷоми ҳаҷ, дар Макка ба дунё омад.[11] Иброҳим ва падаронаш аз амирон,[12] ҳокимон[13] ва ашрофи шаҳри Балх будаанд,[14] аммо бинобар манобеи таърихӣ, ӯ тоҷу тахт ва зиндагии парзарқу барқи худро раҳо карда, ба зуҳду фақр рӯй овард ва машғули сулук ва муҷоҳида бо нафс шуд.[15]

Китобҳои гуногуне аз ҷумла, осори ирфонӣ, дар бораи зиндагинома, рафтор ва панду насиҳатҳои ӯ, матолибе баён кардаанд. Бархе манобеъ монанди «Тазкирату-л-авлиё»-и Аттори Нишопурӣ, аз дидори вай бо Хизри набӣ ва огоҳиаш аз исми аъзами Худованд сухан гуфтаанд.[16]

Пайвастан ба ирфон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи чигунагии пайвастани ӯ ба ирфон достонҳои мухталиф нақл шудааст. Бинобар яке аз ин ривоятҳо Иброҳими Адҳам дар қасри шоҳӣ бар тахт хуфта буд. Нимашаб сақфи хона ҷунбид ва овози пойи касе, ки бар бом буд, шунида шуд. Иброҳими Адҳам пурсид:

Ҳин чӣ меҷӯед? Уштурон.
Гуфт: Уштур бом бар кӣ ҷуст, ҳон?
Пас бигуфтандаш, ки ту бар тахти ҷоҳ
Чун ҳамеҷӯӣ мулоқоти Илоҳ?

Маснавии маънавӣ

Ин сухан муҷиби дигаргунии ботинии Иброҳими Адҳам шуд ва вай зиндагонии зоҳидона пеш гирифт. Дар бораи ибтидои кори ӯ достонҳои дигаре низ нақл кардаанд, аз ҷумла, Аттор дар «Тазкирату-л-авлиё». Оғози кори ӯ ба зиндагии Буддо шабоҳат дорад. Эҳтимол, ривоятҳои буддоӣ бо достони Иброҳими Адҳам даромехта бошанд, зеро дар он рӯзгор Балх яке аз марказҳои муҳимми таълимоту таблиғоти буддоӣ ва саргузашти Буддо дар байни аҳолии он машҳур будааст.

Иброҳими Адҳам дар Нишопур 9 сол дар ғоре бимонд ва ба тоату ибодат машғул буд. Чун мардум аз кори ӯ огоҳ шуданд, аз ғор берун шуд ва рӯй ба Макка ниҳод. Бодияро дар 14 сол тай карда, ба Макка расид ва дар он ҷо сокин шуд. Дар Макка бо орифони машҳур Суфёни Саврӣ, Фузайли Иёз ва Абуюсуфи Ғасулӣ суҳбат дошт. Гуфтаанд, вай шогирди Абуҳанифа буд. Абуҳанифа дар ҳаққи Иброҳими Адҳам мегуфт: «Ӯ ба хидмати Худованд машғул шуд ва мо ба хидмати танҳои худ». Шақиқи Балхӣ аз ҷумлаи шогирдони маъруфи Иброҳими Адҳам аст. Силсилаи чиштия шаҷараи тариқати худро ба Иброҳими Адҳам мерасонад. Иброҳими Адҳам дар ҷанг бо румиён бемор шуд ва аз дарди меъда даргузашт. Ибни Баттута оромгоҳи Иброҳими Адҳамро дар шаҳри Ҷабла (Сурия) ва ибодатгоҳи ӯро дар Ҷабал (Лубнон) зиёрат кардааст.

Иброҳими Адҳам яке аз бартарин намунаҳои зуҳд ва тарку таҷарруд ба шумор меравад. Усули назарӣ, қоидаҳои ахлоқӣ ва амалии ирфонро, ки минбаъд ба унвони шароити сайру сулук ва манозилу мароҳили тариқат шинохта шуд, дар аъмолу ақволи Иброҳими Адҳам метавон ёфт. Бештари мафҳумҳои ирфонӣ, аз ҷумла, хавф, раҷо, сабр, ризо, тавба, зуҳд, ихлос, шукр, таваккул, узлат, хилват, фақр, ғино, қурб, маҳаббат, пеш аз он ки дар китобу рисолаҳои ирфонӣ таъриф ва баён шуда, ба сурати мақомоту аҳвол танзиму тартиб ёбанд, дар ривоятҳои марбут ба ӯ равшан дида мешаванд. Вай хостори ризқи ҳалол аз дастранҷи худ буд; барои ин ба деҳқонӣ, боғбонӣ ва нигаҳбонии киштзорҳо машғул мешуд, дар ҷангҳои мусулмонон бо императории Рум ширкат мекард. Ӯ дар баробари соҳибони мақому қудрат бебоку густох буд, бо лаҳни тунду интиқодомез онҳоро аз дунёпарастиву динфурӯшӣ барҳазар медошт.

Аз суханони ӯст: «Санге дидам дар роҳе афганда… Баргардонидаму бархондам. Бад-он санг навишта буд, ки чун ту амал накунӣ бад-он чӣ медонӣ, чӣ гуна металабӣ он чӣ намедонӣ?»

Манобеи мухталифи тарихӣ, соли вафоти Иброҳими Адҳамро 160 ҳ.қ.[17] 161 ҳ.қ.[18], 162 ҳ.қ.[19], ё 166 ҳ.қ.[20] зикр кардаанд. Ӯ ба марги табиъӣ вафот кард;[21] ҳарчанд бархе муътақиданд, ки дар яке аз ғазавот ва ҷанги румиён,[22] дар минтақаи Суқайн яке аз билоди Рум кушта шуд.[23] Дар бораи макони дафни ӯ низ ихтилофоте вуҷуд дорад, ки минтақаи Сур, аз шаҳрҳои соҳилии Шом, яке аз ин маворид аст.[24]

  1. 1.0 1.1 1.2 Mahmoud A., تقلا ب., شميل ر., طراد ن. ا., تقلا س. Ibrahim Ibn Adham: The prince of Sufis (араб.) // الأهرام: جريدة يومية سياسية تجارية ادبية / зери таҳрири س. تقلا, ن. إ. طراد, ب. تقلا, رَشِيد شُمَيِّلالقاهرة, الإسكندرية: 2017.
  2. Суҳравардӣ, Аворифу-л-маъориф, 1375 ҳ.ш., саҳ. 4.
  3. Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1378 ҳ.ш., саҳ. 110.
  4. Суламӣ, Табақоту-с-суфия, 1424 ҳ.қ., саҳ. 15; Ҳуҷвирӣ, Кашфу-л-маҳҷуб, 1375 ҳ.ш., саҳ. 128.
  5. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407, ҷ.10, саҳ. 135.
  6. Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377 ҳ.ш., саҳ. 129.
  7. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1406 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ. 387—388.
  8. Пирҷамоли Ардистонӣ, Миръоту-л-афрод, 1371 ҳ.ш., саҳ. 332.
  9. Заҳабӣ, Таъриху-л-Ислом, 1413 ҳ.қ., ҷ.10, саҳ. 44; Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377 ҳ.ш., саҳ. 129.
  10. Суламӣ, Табақоту-с-суфия, 1424 ҳ.қ., саҳ. 15.
  11. Заҳабӣ, Таъриху-л-Ислом, 1413 ҳ.қ., ҷ.10, саҳ. 45.
  12. Суламӣ, Табақоту-с-суфия, 1424 ҳ.қ., саҳ. 15.
  13. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377 ҳ.ш., саҳ. 48.
  14. Заҳабӣ, Таъриху-л-Ислом, 1413 ҳ.қ., ҷ.10, саҳ. 45; Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377.
  15. Саҷҷодӣ, Фарҳанги маорифи исломӣ, 1373 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 126; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377 ҳ.ш., саҳ. 237.
  16. Аттори Нишобурӣ, Тазкирату-л-авлиё, 1905 м, саҳ. 88; Ширвонӣ, Риёзу-с-саёҳат, 1361 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 11; Ибни Хамис ал-Мавасилӣ, Маноқибу-л-аброр, 1427 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ. 51.
  17. Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377.
  18. Саламӣ, Табақоту-с-суфия, 1424 ҳ.қ., саҳ. 15; Ибни ал-Мулаққан, Табақоту-л-авлиё, 1427 ҳ.қ., саҳ. 39; Рӯзбаҳони Сонӣ, Туҳфату аҳли-ли-рфон, 1382 ҳ.ш., саҳ. 21.
  19. Ибни Имоди Ҳанбалӣ, Шазароту-з-заҳаб, 1406 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ. 282; Пирҷамоли Ардистонӣ, Миръоту-л-афрод, 1371 ҳ.ш., саҳ. 332.
  20. Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377.
  21. Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377 ба нақл аз Тазкирату-л-авлиё.
  22. Рӯзбаҳони Сонӣ, Туҳфату аҳли-ли-рфон, 1382 ҳ.ш., саҳ. 21.
  23. Зубайдӣ, Тоҷу-л-арус мин ҷавоҳири-л-қомус, 1414 ҳ.қ., ҷ.13, саҳ. 232; Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377.
  24. Ибни ал-Мулаққан, Табақоту-л-авлиё, 1427 ҳ.қ., саҳ. 39; барои маврид дигар бингаред: Зириклӣ, ал-Аълом, 1989 м, ҷ.1, саҳ. 31.