Иброҳими Адҳам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Иброҳим ибни Адҳам)
Иброҳими Адҳам
араб. ар. إبراهيم بن أدهم
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: ascetic, илоҳиётшинос, Мусулмон, Уммат
Таърихи таваллуд: 13 май 718
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 776[1]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Устодон: Фузайл ибни Аёз
Шогирдон: Ҳузайфаи Маръашӣ[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуисҳоқ Иброҳим ибни Адҳами Иҷлӣ (ар. إبراهيم بن أدهم‎; 13 май 718, Балх, Хуросон, Хилофати Умавиён776, Jableh[d], Jund Hims[d], Хилофати Аббосиён) — сӯфии форс-тоҷик аз аъёнзодагони Балх, устоди Шақиқи Балхӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Иброҳим ибни Адҳам ибни Сулаймон ибни Мансури Балхӣ, аз бузургони мактаби зуҳд[2] ва аз орифони қарни дуввуми ҳиҷрӣ дониста мешавад.[3] Куняи ӯ Абуисҳоқ[4] ва ба ӯ «ал-Аҷалӣ» низ гуфта шудааст.[5] Иброҳими Адҳам дар соли 80 ҳ.қ.[6] ё 100 ҳ.қ.[7] дар хонаводаи ғайри араб[8] ё аз арабҳои Банӣ Тамим[9] дар шаҳри Балх, ки ҷузъе аз Хуросон буд, таваллуд шуд.[10] Заҳабӣ, нависандаи китоби Таъриху-л-ислом муътақид аст, ӯ дар сафари волидайнаш барои анҷоми ҳаҷ, дар Макка ба дунё омад.[11] Иброҳим ва падаронаш аз амирон,[12] ҳокимон[13] ва ашрофи шаҳри Балх будаанд,[14] аммо бинобар манобеи таърихӣ, ӯ тоҷу тахт ва зиндагии парзарқу барқи худро раҳо карда, ба зуҳду фақр рӯй овард ва машғули сулук ва муҷоҳида бо нафс шуд.[15]

Китобҳои гуногуне аз ҷумла, осори ирфонӣ, дар бораи зиндагинома, рафтор ва панду насиҳатҳои ӯ, матолибе баён кардаанд. Бархе манобеъ монанди «Тазкирату-л-авлиё»-и Аттори Нишопурӣ, аз дидори вай бо Хизри набӣ ва огоҳиаш аз исми аъзами Худованд сухан гуфтаанд.[16]

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеи мухталифи тарихӣ, соли вафоти Иброҳими Адҳамро 160 ҳ.қ.[17] 161 ҳ.қ.[18], 162 ҳ.қ.[19], ё 166 ҳ.қ.[20] зикр кардаанд. Ӯ ба марги табиъӣ вафот кард;[21] ҳарчанд бархе муътақиданд, ки дар яке аз ғазавот ва ҷанги румиён,[22] дар минтақаи Суқайн яке аз билоди Рум кушта шуд.[23] Дар бораи макони дафни ӯ низ ихтилофоте вуҷуд дорад, ки минтақаи Сур, аз шаҳрҳои соҳилии Шом, яке аз ин маворид аст.[24]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Mahmoud A., تقلا ب., شميل ر., طراد ن. ا., تقلا س. Ibrahim Ibn Adham: The prince of Sufis (араб.) // الأهرام: جريدة يومية سياسية تجارية ادبية / зери таҳрири س. تقلا, ن. إ. طرادالقاهرة: 2017.
  2. Суҳравардӣ, Аворифу-л-маъориф, 1375 ҳ.ш., саҳ. 4.
  3. Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1378 ҳ.ш., саҳ. 110.
  4. Суламӣ, Табақоту-с-суфия, 1424 ҳ.қ., саҳ. 15; Ҳуҷвирӣ, Кашфу-л-маҳҷуб, 1375 ҳ.ш., саҳ. 128.
  5. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407, ҷ.10, саҳ. 135.
  6. Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377 ҳ.ш., саҳ. 129.
  7. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1406 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ. 387—388.
  8. Пирҷамоли Ардистонӣ, Миръоту-л-афрод, 1371 ҳ.ш., саҳ. 332.
  9. Заҳабӣ, Таъриху-л-Ислом, 1413 ҳ.қ., ҷ.10, саҳ. 44; Фақир Истаҳбонотӣ, Харобот, 1377 ҳ.ш., саҳ. 129.
  10. Суламӣ, Табақоту-с-суфия, 1424 ҳ.қ., саҳ. 15.
  11. Заҳабӣ, Таъриху-л-Ислом, 1413 ҳ.қ., ҷ.10, саҳ. 45.
  12. Суламӣ, Табақоту-с-суфия, 1424 ҳ.қ., саҳ. 15.
  13. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377 ҳ.ш., саҳ. 48.
  14. Заҳабӣ, Таъриху-л-Ислом, 1413 ҳ.қ., ҷ.10, саҳ. 45; Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377.
  15. Саҷҷодӣ, Фарҳанги маорифи исломӣ, 1373 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 126; Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377 ҳ.ш., саҳ. 237.
  16. Аттори Нишобурӣ, Тазкирату-л-авлиё, 1905 м, саҳ. 88; Ширвонӣ, Риёзу-с-саёҳат, 1361 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 11; Ибни Хамис ал-Мавасилӣ, Маноқибу-л-аброр, 1427 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ. 51.
  17. Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377.
  18. Саламӣ, Табақоту-с-суфия, 1424 ҳ.қ., саҳ. 15; Ибни ал-Мулаққан, Табақоту-л-авлиё, 1427 ҳ.қ., саҳ. 39; Рӯзбаҳони Сонӣ, Туҳфату аҳли-ли-рфон, 1382 ҳ.ш., саҳ. 21.
  19. Ибни Имоди Ҳанбалӣ, Шазароту-з-заҳаб, 1406 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ. 282; Пирҷамоли Ардистонӣ, Миръоту-л-афрод, 1371 ҳ.ш., саҳ. 332.
  20. Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377.
  21. Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377 ба нақл аз Тазкирату-л-авлиё.
  22. Рӯзбаҳони Сонӣ, Туҳфату аҳли-ли-рфон, 1382 ҳ.ш., саҳ. 21.
  23. Зубайдӣ, Тоҷу-л-арус мин ҷавоҳири-л-қомус, 1414 ҳ.қ., ҷ.13, саҳ. 232; Хоразмӣ, Янбуъу-л-асрор, 1384 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 377.
  24. Ибни ал-Мулаққан, Табақоту-л-авлиё, 1427 ҳ.қ., саҳ. 39; барои маврид дигар бингаред: Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.1, саҳ. 31.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]