Изатулло Ғаниев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Изатулло Ғаниев
Ғаниев Изатулло Наврӯзович
Санаи таваллуд:

19 март 1948(1948-03-19) (70 сол)

Зодгоҳ:

деҳаи Вешканд, ноҳияи Айнӣ

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

кимиёшинос

Ҷойҳои кор:

Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои химия (1992), Узви пайвастаи АИҶТ (2008)

Унвонҳои илмӣ:

академики АИҶТ (1994)

Алма-матер:

Донишкадаи химияву технологияи Қазон

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001)
Ҷоизаи Фонди исломии рушди илм, технология ва фарҳанг (ISESCO) (2003).

Изатулло Ғаниев (Ғаниев Изатулло Наврӯзович; 19 марти 1948, деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣ) — кимиёшинос, маводшинос, доктори илми химия (1991), профессор (1994), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008) ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001)

Зиндагинома[вироиш]

Ғаниев Изатулло Наврӯзович, 19 марти соли 1948 дар деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1965 баъди хатми мактаб — интернати № 1-и ноҳияи Айнӣ бо медали тилло ба факултаи механикаю технологии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми курси дуюм ба Донишкадаи химиявӣ-технологии ш. Қазон барои идомаи таҳсил фиристода шудааст. Донишкадаи номбаршударо соли 1970 аз рӯи ихтисоси «Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ ва нӯриҳои минералӣ» хатм намудааст. Баъди хатми донишкада барои кор ба Корхонаи кӯҳӣ-маъдании Анзоб фиристода шуда, ки дар вазифаҳои лаборант, назоратчӣ, устои калони шӯъбаи техникӣ фаъолият намудааст. Соли 1971 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми аспирантура дар Институти химия дар вазифаҳои лаборанти калон, корманди хурд ва калони илмӣ то соли 1981 фаъолият намудааст. Соли 1981 ба вазифаи мудири лабораторияи «Маводҳои ба коррозия устувор» аз тариқи озмун интихоб шуда ва то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад. Соли 1976 дар Институти металлургия ва бойгардонии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси «Металлургияи металлҳои ранга» дифо намуда, дараҷаи номзади илмҳои техникиро соҳиб шудааст. Соли 1991 дар Институти химияи АИ Ҷумҳурии Узбекистон рисолаи докториро аз рӯи ихтисоси «Химияи ғайриорганикӣ» дифо намудааст. Соли 1994 аз тарафи КОА-и ФР ба ӯ унвони «профессор» аз рӯи ихтисоси номбурда дода шудааст. Аз соли 1996 то соли 2000 дар вазифаи муовини директор оид ба илм дар Институти химия АИ ҶТ фаъолият дошт. Солҳои 2002—2003 дар вазифаи муовини Саркотиби АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 дар вазифаи академик — котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2007 то соли 2012 дар вазифаи мудири кафедраи «Технологияи истеҳсолоти электрохимиявӣ» ҳамчун ҳамкор фаъолият намудааст. Аз соли 2013 то имрӯз дар вазифаи профессор-мушовир ҳамчун ҳамкор дар кафедраи номбаршуда фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Соли 1976 натиҷаи корҳои илмии худро бо роҳбарии доктори илмҳои техникӣ Ваҳобов А. В. дар мавзӯи « Таҳқиқоти системаҳои сечандаи Sr-Al-Si, Ba-Al-Si ва коркарди хӯлаҳо дар асоси онҳо» ҷамъбаст намуда, дар шаҳри Алма-Ато рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Соли 1991 бошад, рисолаи докториро бо мушовирии яке аз олимони намоёни ИҶШС, профессор Ваҳобов А. В. дар мавзӯи «Синтез, хосиятҳои физикавӣ-химиявӣ ва истифодаи хӯлаҳои алюминий бо металлҳои нодирзаминӣ ва ишқорзаминӣ» дар шаҳри Тошканти Ҷумҳӯрии Узбекистон, ҳимоя намудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба омӯзиши диаграммаҳои ҳолати сечандаи алюминий бо металлҳои ишқорзаминӣ ва нодирзаминӣ бо иловаҳои металлҳои саноатан мӯҳим монанди литий, берилий, магний, мис, рӯҳ, оҳан ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа аз тарафи ӯ ва шогирдонаш зиёда аз 60 диаграммаи ҳолати сечандаи алюминий омӯхта шудааст. Қисми зиёди корҳои таҳқиқотии ӯ ба омӯзиши хосиятҳои коррозионнӣ ва физикавӣ-химиявии хӯлаҳои алюминий, рӯҳ, сурб ва дигар металлҳои ранга, бахшида шудааст. Ғаниев И. Н. муаллифи зиёда аз 100 ихтироъот аст, ки қисми зиёди онҳо дар корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федерецияи Россия истифода шудаанд. Зери роҳбарии академик Ғаниев И. Н. зиёда аз 40 нафар рисолаи номзадӣ ва 9 нафар рисолаи докторӣ дифо намудаанд.

Осор[вироиш]

Профессор И. Н. Ғаниев муаллифи зиёда аз 40 монография ва 1000 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)[вироиш]

  1. Модифицирование силуминов стронцием. Минск, 1985. 143 с. (ҳаммуаллиф).
  2. Диаграммы состояния двойных и тройных систем с участием бария и стронция Душанбе, 1992. 295 с. (ҳаммуаллиф).
  3. Металлургия кальция и его сплавов. Душанбе, 2000. 178 с. (ҳаммуаллиф).
  4. Металлургия стронция и его сплавов. Душанбе, 2000. 190 с. (ҳаммуаллиф).
  5. Сплавы алюминия с редкоземельными металлами. Душанбе, 2004. 190 с. (ҳаммуаллиф).
  6. Анодные сплавы алюминия с марганцем, железом и редкоземельными металлами. Душанбе, 2008. 262 с. (ҳаммуаллиф).
  7. Физикохимия алюминиевых сплавов с бериллием и редкоземельными металлами. Душанбе, 2011. 284 с. (ҳаммуаллиф).
  8. Коррозия сплава Al + 2,18 % Fe, легированного элементами подгруппы галлия. Германия, 2011. 144 с. (ҳаммуаллиф).
  9. Сплавы алюминия с железом и РЗМ цериевой подгруппы. Германия, 2011. 108 с. (ҳаммуаллиф).
  10. Коррозия двойных сплавов алюминия с элементами периодической системы. Германия, 2011. 208 с. (ҳаммуаллиф).
  11. Коррозия сплава Al + 2,18 % Fe, легированного элементами подгруппы иттрия. Германия, 2011. 100 с. (ҳаммуаллиф).
  12. Анодное поведение и окисление сплавов систем Zn5Al-ЩЗМ и Zn55Al-ЩЗМ. Германия, 2011. 156 с. (ҳаммуаллиф).
  13. Анодное поведение и окисление сплава Al+0.2 % Mg с РЗМ. Германия, 2012. 108 с. (ҳаммуаллиф).
  14. Анодные защитные цинк-алюминиевые покрытия с бериллием и магнием. Германия, 2012. 178 с. (ҳаммуаллиф).
  15. Анодные сплавы алюминия с железом и редкоземельными металлами. Германия, 2012. 100 с. (ҳаммуаллиф).
  16. Повышение анодной устойчивости свинца, легированием ЩЗМ. Германия, 2012. 90 с. (ҳаммуаллиф).
  17. Анодные защитные цинк-алюминиевые покрытия с элементами II группы. Германия, 2012. 288 с. (ҳаммуаллиф).
  18. Коррозия алюминиево-магниевых сплавов с щелочноземельными металлами. Германия, 2012. 132 с. (ҳаммуаллиф).
  19. Коррозия алюминиево-литиевых сплавов с щелочноземельными металлами. Германия, 2012. 100 с. (ҳаммуаллиф).
  20. Сплавы алюминия с железом, РЗМ и элементами подгруппы галлия. Германия, 2012. 256 с. (ҳаммуаллиф).
  21. Физикохимия сплавов лития с РЗМ и алюминием. Германия, 2012. 80 с. (ҳаммуаллиф).
  22. Коррозия алюминиево-бериллиевых сплавов с щелочноземельными металлами. Германия, 2012. 96 с. (ҳаммуаллиф).
  23. Анодные защитные цинк-алюминиевые покрытия с бериллием и магнием. Германия, 2012. 178 с. (ҳаммуаллиф).
  24. Анодные сплавы алюминия с железом и редкоземельными металлами. Германия, 2012. 100 с. (ҳаммуаллиф).
  25. Повышение анодной устойчивости свинца, легированием ЩЗМ. Германия, 2012. 90 с. (ҳаммуаллиф).
  26. Анодные защитные цинк-алюминиевые покрытия с элементами II группы Германия, 2012. 288 с. (ҳаммуаллиф).
  27. Коррозия алюминиево-магниевых сплавов с щелочноземельными металлами. Германия, 2012. 132 с. (ҳаммуаллиф).
  28. Коррозия алюминиево-литиевых сплавов с щелочноземельными металлами. Германия, 2012. 100 с. (ҳаммуаллиф).
  29. Сплавы алюминия с железом, РЗМ и элементами подгруппы галлия. Германия, 2012. 256 с. (ҳаммуаллиф).
  30. Физикохимия сплавов лития с РЗМ и алюминием. Германия, 2012. 80 с. (ҳаммуаллиф).
  31. Коррозия алюминиево-бериллиевых сплавов с щелочноземельными металлами. Германия, 2012. 96 с. (ҳаммуаллиф).
  32. Теплофизические и термодинамичес-кие свойства сплавов свинца с ЩЗМ. Германия, 2013. 66 с. (ҳаммуаллиф).
  33. Цинк-алюминиевые защитные покрытия нового поколения. Германия, 2013. 138с. (ҳаммуаллиф).
  34. Физикохимия сплавов свинца с щелочноземельными металлами. Германия, 2013. 152с. (ҳаммуаллиф).
  35. Физикохимия цинк-алюминиевых сплавов с редкоземельными металлами. Душанбе, 2015. 334 с. (ҳаммуаллиф).
  36. Сплавы свинца с щелочноземельными металлами. Душанбе, 2015. 168 с. (ҳаммуаллиф).
  37. Физикохимия сплава АМг2 с редкоземельными металлами ИО. Д., 2016. 153 с. (ҳаммуаллиф).
  38. Физикохимия сплава Аl+2.18 %Fe с редкоземельными металлами ИОД., 2016. 115 с. (ҳаммуаллиф).
  39. Сплавы особочистого алюминия с редкоземельными металлами. Душанбе, ҶДММ «Сармад Компания» 2017. 146 с. (ҳаммуаллиф).
  40. Алюминиевый сплав АЖ2.18 с оловом, свинцом и висмуто м. Душанбе, ИО. 2018. 134 с. (ҳаммуаллиф).

Мукофот[вироиш]

  • Медали биринҷии НКХХ ИҶШС. ш. Москва (с. 1985)
  • Медали хурди академик Н. С. Курнаков (АИ ИҶШС) дар бахши таҳлили физикавӣ-кимиёвӣ. ш. Москва (с. 1987)
  • Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе (с. 1995)
  • Аъзои Академияи улуми Ню-Йорк (с. 1996)
  • Медали тиллоии калони номсикказадашудаи Созмони умумиҷаҳонии нерӯи зеҳнӣ (WIPO) (с. 1997)
  • Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1997)
  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе (с. 1998)
  • Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, ш. Душанбе (с. 2001)
  • Одами сол аз тарафи Комиссияи америкоии биографҳо (с. 2001)
  • Медали тилло ва дипломи Созмони байналмилалии давлатҳои исломӣ дар бахши илм, технология ва фарҳанг (ISESCO) (с. 2003)
  • Узви пайвастаи (академик) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2008)
  • Мукофот ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С. У. Умаров дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ ш. Душанбе (с. 2015)
  • Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Пурмаҳсултарин олими Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи химия» (с. 2016)
  • Ҷоизаи нашриёти «Springer Nature Awards ТОП» — и Ҷумҳурии Олмон «Ҳамчун пурмаҳсултарин муаллиф» аз Тоҷикистон (с. 2017)

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]