Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Вешканд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Вешканд
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят вилояти Суғд
Ноҳия ноҳияи Айнӣ
Ҷамоат Деҳоти Урметан
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 2500 тан (2013)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3479
Нишонаи почта 735520
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Вешканд — деҳа дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ. Аз Вешканд то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 23 км. Аҳолиаш 2500 нафар (2013), тоҷикон. Дар сари роҳи мошинагарди Панҷакент-Айнӣ-Душанбе, дар мобайни қаторкӯҳҳои Зарафшону Туркистон, дар баландии 800 м аз с. б воқеъ аст. Дар қисмати ҷанубиаш дарёи Зарафшон ҷорӣ аст.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, китобхона, сартарошхона, нуқтаи хидмати маишӣ, чойхона, 4 масҷиди панҷвақта, ки аз асрҳои 15-17 боқӣ мондаанд ва 7 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ (бештар зардолу), сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёчаҳои Мадм ва Вешканд обёрӣ мешаванд. Хоҷагии деҳқонии ҷамоавии «Вешканд» дорад.

Вешканд аз деҳаҳои қадим буда, тибқи маъхазҳои таърихӣ тақрибан ба асри 5 тааллуқ дорад. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар маркази деҳа Қалъаи Ниёз, ки дар аҳди қадим ҳокимнишон буд, инчунин дар ҳудуди Вешканд мақбараҳои Хоҷаи Ҳаким, Хоҷаи Ғоиб, Хоҷаи Доғ ва Хоҷаи Абубакри Бирён маҳфуз мебошанд, ки зиёратгоҳи мардум аст.