Ингрида Шимоните

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ингрида Шимоните
литвонӣ: Ingrida Šimonytė
Ingrida Simonyte 2019.jpg
парчам34-ум Сарвазири Литва
аз 24 ноябри 2020
Президент Гитанас Науседа
Пешгузашта Саулюс Сквернялис
парчам Раиси кумитаи ҳисобраси Сейм парчам
аз 17 ноябри 2016
Пешгузашта Витаутас Камблевичюс
парчам Вазири молияи Литва парчам
7 июли 2009 — 13 декабри 2012
Президент Даля Грибаускайте
Пешгузашта Алгирдас Шемета
Ҷонишин Римантас Шадҷюс

Таваллуд 15 ноябр 1974(1974-11-15)[1] (48 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ Master of Economics[d] (1998)
Соядаст Ingrida Simonyte signature.png
Ҷоизаҳо
Officer of the Order of Vytautas the Great
Вебгоҳ ingridasimonyte.lt(литв.)
Ҷойҳои кор
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ингрида Шимоните (литвонӣ: Ingrida Šimonytė; тав. 15 ноябри соли 1974, Вилнюс, ҶШС Литва, Иттиҳоди Шӯравӣ) — арбоби сиёсии давлатии Литва ва сарвазири он аз 24 ноябри 2020. Пеш аз он, вазири молияи Литва дар солҳои 2009—2012, номзад ба президентии Литва дар интихоботи соли 2019 аз тарафи консерваторҳо.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ 15 ноябри 1974 дар Вилнюс таваллуд шудааст. Вай Донишгоҳи Вилнюсро бо ихтисоси бакалавр дар соҳаи идоракунии тиҷорати факултаи иқтисод хатм кардааст. Аз Мактаби Иқтисоди Стокҳолм дараҷам MBA-ро соҳиб гаштааст.

Вай солҳои 1997—2001 дар шуъбаи андози Вазорати молияи Литва кор кардааст. Солҳли 2004—2009 — Котиби Вазорати молия. Дар соли 2013 муовини раиси Раёсати Бонки Литва таъйин шуд. Дар баробари вазифаҳои расмӣ, ӯ ҳамчунон дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсатшиносӣ дар соҳаи иқтисод ва инчунин молияи давлатӣ дар Донишгоҳи Идоракунӣ ва Иқтисоди ISM дарс медод. 31 октябри соли 2016 дар робита ба интихоб шудан ба узви Сейм дар ҳавзаи интихоботии Антакалнис дар Вилнюс истеъфо дод.

4 ноябри соли 2018, ӯ бо натиҷаи 78,71 % дар праймериз мувофиқи тасмими номзад аз Ҳизби Иттифоқи Ватан — Ҳизби Христианҳои Демократии Литва барои интихоботи президентии Литва дар соли 2019, рақиби худро — дипломат Вигаудас Усакаскро пеш карда, пирӯз шуд.

Тибқи як назарсанҷӣ, ки аз ҷониби Baltijos tirimai дар рӯзҳои 9-26 ноябри соли 2018 гузаронида шудааст, рейтинги президентии Шимоните 18,7%-ро ташкил медиҳад ва тамоюли болоравиро нишон дорад. Бо вуҷуди ин, вай ҳанӯз ҳам дар ҷои дуюм боқӣ мондааст, пас аз Гитанас Наусседа бо натиҷаи 23,2 %[4].

Пас аз пирӯзӣ дар интихоботи парлумонӣ дар моҳи октябри соли 2020 Иттиҳоди Ватан — Ҳизби Христианҳои Демократии Литва, ки рӯйхати онро Шимоните сарварӣ мекард, 25 ноябри соли 2020, Президенти Литва Гитанас Науседа, бо фармони худ (худи ҳамон рӯз эътибор пайдо мекунад), Ингрида Шимонитеро сарвазир таъйин кард[5].

Оиладор нест, фарзанд надоранд. Вай ба ғайр аз литвонӣ, боз бо англисӣ, русӣ ва полякӣ озодона ҳарф мезанад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]