Ислом Абдусаломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ислом Абдусаломов
Ислом Абдураҳмонович Абдусаломов
Санаи таваллуд:

13 феврал 1929(1929-02-13)

Зодгоҳ:

ноҳияи Самарқанд, ҶШС Узбекистон, СССР

Санаи марг:

номаълум

Маҳалли марг:

Душанбе, Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

биология

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои биология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мукофоту ҷоизаҳо:

ордени “Шараф” дараҷаи 1, медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва “Ветерани меҳнат”

Ислом Абдусаломов - (13 феврали соли 1929, маҳаллаи Тайлоқи ноҳияи Самарқанд), зоолог, эколог, зоогеограф (паррандашинос), доктори илмҳои биология (1972) академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997). Ходими хизматнишододаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996), директори фахрии ИЗИП ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (аз с. 2005) буд.

Зиндагинома[вироиш]

Ислом Абдусаломов 13 феврали соли 1929 дар маҳаллаи Тайлоқи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Факултети биологияву хокшиноси Универститети давлатии Ӯзбекистон (ҳоло – Донишгохи давлатии Самарқанд ба номи А. Навои)ғро бо баҳои аъло хатм кардааст (1950). Ходими илмӣ ва аспиранти назди ИЗИП ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1950-1958). Дар мавзӯи “Очерки экологӣ-фаунавии паррандаҳои Помир” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст (1958). Мудири шӯъбаи экология (1959-1962), ҷонишини директор (1963-1967), директори ИЗИП ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1967-1972; 1984-1992), раиси Президиуми Ҷамъияти ҷумҳуриявии ҳифзи табиати Тоҷикистон (1977-1981).

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Соли 1972 дар мавзӯи “Биология ва хусусиятҳои ба тарзи амудӣ ҷойгиршавии паррандагони Тоҷикистон” рисолаи доктори ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 360 асари илмӣ, аз ҷумла 7 монография, 5 китоби илмию оммавӣ, аз ҷумла

  • Фаунаи Тоҷикистон.- Душанбе,1972,
  • Муҳоҷирати паррандагон дар Осиё. - Душанбе, 1982,
  • Олами ҳайвоноти Тоҷикистон. - Душанбе,1991.
  • Китоби Сурхи Тоҷикистон. - Душанбе,1997,(ба заб тоҷ. ва русӣ), ҳаммуаллиф.

Асарҳояш асосан ба мавзӯъҳои паррандашиносӣ, тернология, герпетология, масъалаҳои ҳифзи табиат ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Муҳарири масъул ва яке аз муаллифони “Китоби Сурхи Тоҷикистон” (Душанбе,1997, ба заб. тоҷ; Душанбе,1988, ба заб. русӣ).

Фаъолияти илмию ҷамъиятӣ[вироиш]

Бо ибтикори ӯ соли 2000 дар Помир [[мамнӯъгоҳи “Зоркӯл”]] таъсис шудааст, ки дар он хелҳои ҳайвоноти нодир ва маҳвшаванда, аз ҷумла ғози кӯҳӣ ё ҳиндӣ сукунат доранд. Инчунин бо саъю кӯшиши ӯ дар шимоли Тоҷикистон “Парваришгоҳи Сирдарё” таъсис ёфт, ки дар он мурғони обию ботлоқӣ ва соҳилмақом таҳти ҳимоя гирифта шудаанд. Роҳбари илмии 2 рисолаи доктори илм ва 16 номзади илми биология аст. Сарвари ҷамъияти ғайриҳукуматии “Шӯрои ҷамъиятии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд.

Мукофоту ҷоизаҳо[вироиш]

  • Бо ордени “Шараф” дараҷаи 1,
  • Медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва “Ветерани меҳнат”,
  • “Нишони Фахрӣ”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон
  • Ифтихорномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  • Энсиклопедияи советии тоҷик.Ҷилди 1. – Душанбе,1978, - с. 22
  • Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.17-18,
  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.