Jump to content

Исмоил Талбаков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исмоил Талбаков
Исмоил Иброимович Талбаков
Таърихи таваллуд: 24 март 1955(1955-03-24)
Зодгоҳ: ноҳияи Темурмалик
Таърихи даргузашт: 17 декабр 2016(2016-12-17) (61 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Таҳсилот:
Ҳизб:
Навъи фаъолият: вакили парлумон

Исмоил Иброимович Талбаков (24 марти 1955, ноҳияи Темурмалик, вилояти Хатлон — 17 декабри 2016) — узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000. Узви Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Исмоил Талбаков 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1983 дар вазифаҳои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1990—1993 котиби якуми кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ноҳияи Темурмалик, солҳои 1993—2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд. Аз соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муовини раиси кумиссиюни иқтисодӣ-иҷтимоии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ.

Соли 2006 ва 2013 аз ҷониби ҳизби коммунисти ҶТ ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда буд. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд. Ӯ 17 декабр,2016 дар синни 61 солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.