Исроил Исмоилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Исроил Исмоилов
Исроил Исмоилов
Санаи таваллуд:

27 октябр 1939(1939-10-27)

Зодгоҳ:

Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, СССР

Санаи марг:

28 март 2016(2016-03-28) (76 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

физика

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои физика ва математика

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ

Ҷоизаҳо:

DistinguishedLabourRibbon.png VeteranLaborRibbon.png, Корманди шоистаи Тоҷикистон, «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» (1996)

Исроил Исмоилов - (27 октябри 1939 ш. Самарқанд), олим, физикдон, доктори илмҳои физика ва математика (1981), профессор (1984), узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1993), «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон.[1]

Зиндагинома[вироиш]

Исроил Исмоилов 27 октябри соли 1939 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоиро хатм намуда, ба сифати муҳандис -таҳқиқотчӣ ба ш. Новосибирск ба кор фиристода шуда, то соли 1963 дар он ҷо фаъолият намудааст. Аз соли 1963 Исроил Исмоилов дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар институт фаъолияти меҳнатиашро аз ходими хурди илмӣ сар карда, то ба мудири лаборатория расидааст. Ба фаъолияти илмӣ аз соли 1965, аз лаҳзаи дохил шудан ба аспирантураи Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ ИҶШС дар лабораторияи радиофизикаи квантӣ, зери роҳбарии физики барҷастаи замони муосир, дорандаи мукофоти Ленинӣ ва ҷоизаи Нобелӣ Н.Г. Басов шурӯъ кардааст. Исроил Исмоилов 28 марти соли 2016 дар ш. Душанбе вафот кардааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Соли 1968 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Полупроводниковые квантовые генераторы на основе соединений А3В5 и их твердых растворов» ҳимоя карда, аз соли 1969 дар институт ба корҳои илмӣ ва ташкилотӣ фаъолона машғул мешавад ва лабораторияи «Электроникаи квантӣ»-ро таъсис дода, роҳбарии онро ба зимма гирифтааст. Рисолаи докториро Исроил Исмоилович соли 1981 дар мавзӯи «Лазерное излучение и люминесценция фосфида индия и твердых растворов на его основе» дар Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ ИҶШС ҳимоя кардааст. Корҳои илмии Исроил Исмоилов асосан ба таҳқиқ ва коркарди лазерҳои нимноқилӣ дар кристаллҳои якҷинса бо таъсири нуравшонӣ дар майдони магнитӣ бахшида шуда, дар тӯли фаъолияти илмиаш зиёда аз 170 мақола, аз он ҷумла 5 монография ба чоп расонидааст. Исроил Исмоилов ҳамчун олими барҷаста ва устоди боҳиммат дар самти тайёр намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ саҳми беандоза гузоштааст. Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Мукофот[вироиш]

Осор[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.