Ихтиёр Ашӯров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ихтиёр Ашӯров
Ихтиёр Саидович Ашӯров
Санаи таваллуд:

29 октябр 1958(1958-10-29) (61 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон СССР

Маҳалли марг:

шаҳри Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

иқтисодиёт

Ҷойҳои кор:

Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон, кумитаи ҳизбии н. Октябри (ҳоло н. Исмоили Сомонӣ) ш. Душанбе, раёсати кишоварзии н. Ҳисор , Вазирати кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣДонишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои иқтисод

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ихтиёр Саидович Ашӯров (29.10.1958, деҳаи Кӯшкаки Мазори н. Ҳисор) — доктори илмҳои иқтисодӣ (2008), профессор (2011).

Зиндагинома[вироиш]

Ихтиёр Саидович Ашӯров факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1980 хатм намуда, дар шуъбаи иқтисоду молияи комиҷроияи н. Ҳисор кор кардааст. Солҳои 1983-1984 муҳандис-иқтисоддони НОБ-и Роғун, 1984-1987 нозир ва муовини сардори раёсати Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон, 1987-1991 нозири кумитаи ҳизбии н. Октябри (ҳоло н. Исмоили Сомонӣ) ш. Душанбе, 1991-1993 корманди масъули раёсати кишоварзии н. Ҳисор , 1993-2003 муовин ва муовини аввали Вазири кишоварзии Тоҷикистон, 2003-2010 муовини раиси Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ буд. Аз соли 2010 мудири кафедраи назорати иқтисодии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемурро ба ӯҳда доштааст. Бобати иқтисоди кишоварзӣ, ислоҳоти аграрии Тоҷикистон, дигаргунсозиҳои аграрӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҳолат ва ояндаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ ва ғайра таҳқиқот анҷом дода, беш аз шаст таълифот ба хидмат овардааст.

Осор[вироиш]

  • Дастурамал оид ба дигаргунсозиҳои сохторӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ. – Д., 1998;
  • Рекомендации по организации сельскохозяйственных предприятий в Республике Таджикистан. – Д., 1998 (соавтор);
  • Аграрные преобразавания в условях переходного периода. – Д., 2003;
  • Аграрная политика в условиях переходного периода. – Д., 2005;
  • Омори кишоварзӣ. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. – Д., 2006;
  • Аграрная реформа Республики Таджикистан. – М., 2008;
  • Сельское хозяйство: состояние и перспективы форм хозяйствования. – Д., 2008;
  • Экономическая безопасность. – Д., 2012.[1]

Сарчашма[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 72