Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иёлат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иёлат (ар. ايالت‎ – ҳукмронӣ, фармонравоӣ), штат (олмонӣ: Staat) — Воҳиди марзию маъмурӣ дар баъзе аз давлатҳои федеролӣ, ки мустақилияти муайянро соҳиб мебошанд; як қисми кишвар, ки чанд ноҳия ва вилоятро дар бар мегирад.

Мақоми ҳуқуқии иёлат, ҳаҷм ва сатҳи салоҳияти ҳокимияти иёлатро конститутсияи федеролӣ муайян мекунад. Ба ғайр аз ин, дар бархе давлатҳо иёлатҳо конститутсияи худро доранд, ки барои тасдиқи он ба мақомоти марказӣ ниёз надоранд. Дар Ҳиндустон аз 25 иёлат танҳо 1-тоаш конститутсия дорад. Иёлатро, маъмулан, фармондор идора мекунад. Шаклҳои таъсиси мақоми роҳбари иёлат (фармондор): интихобӣ (ИМА), таъйинӣ (Ҳиндустон) ва меросӣ (Малайзия). Мақоми қонунгузорӣ, маъмулан, дар иёлат дорои ду палата аст; низоми судии худӣ, маъмулан, қонуни ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ дорад. Ҳар иёлат дар палатаи болоии парлумон намояндаи худро дорад, ки шумораи онҳоро қонунгузорӣ муайян мекунад. Шумораи намояндаҳо метавонад ба аҳолии иёлат (мас. Ҳиндустон) вобаста бошад ва ё ҳар иёлат дорои шумораи баробари намояндаҳо дар парлумон (мас. ИМА, Бразилия) аст. Иёлатҳо ҳукумат, шаҳрвандон ва баъзан рамзҳо (нишону дирафш) ва пойтахти худро доранд. Дар баъзе ҳолатҳо иёлат намояндагии худро дар давлатҳои дигар бо иҷозати вазорати корҳои хориҷа ташкил карда метавонад. Чунин намояндагиҳо танҳо вазифаи иқтисодию фарҳангиро иҷро мекунанд.

Давлатҳое, ки дар таркиби худ иёлат доранд: Австралия, Бразилия, ИМА, Ҳиндустон, Малайзия, Мексика ва ғайра. Дар давраи тасдиқи конститутсия дар ИМА 13 иёлат мавҷуд буд, айни замон ин кишвар 50 иёлат дорад. Дар баъзе давлатҳо шабеҳи иёлат музофотҳо (Канада, Аргентина, Покистон), заминҳо (Олмон, Австрия) ва кантонҳо (Швейсария) мавҷуданд. Иёлат давлати мустақил ба шумор намеравад. Дар низоми ҳуқуқии муосир ҳуқуқи баромадан (сетсессия)-и иёлатҳо аз ҳайати иттифоқ эътироф намешавад, танҳо ҳуқуқи худмуайянкунӣ дар дохили иттифоқ эътироф шудааст.

Феҳристи давлатҳое, ки дорои воҳиди маъмурии иёлат мебошанд

[вироиш | вироиши манбаъ]
Давлатшумораи иёлотҳоҚитъа
Парчами Австралия Австралия — Иттифоқи Австралия6Австралия
Парчами Бразилия Бразилия — Ҷумҳурии Федеративии Бразилия26Америка
Парчами Венесуэла Венесуэла — Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла23Америка
Парчами Ҳиндустон Ҳиндустон — Ҷумҳурии Ҳиндустон28Осиё
Парчами Малайзия Малайзия — Федератсияи Малайзия13Осиё
Парчами Мексика Мексика — Иёлоти Муттаҳидаи Мексика31Америка
Парчами Микронезия Микронезия4Австралия, Уқёнусия
Парчами Нигерия Нигерия36Африка
Парчами ИМА Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико50Америка