Jump to content

Муҳиддин Кабирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ, апрели 2012
Муҳиддин Кабирӣ, апрели 2012
Ном ба ҳангоми таваллуд: Кабиров Муҳиддин Тиллоевич
Таърихи таваллуд: 20 июл 1965(1965-07-20) (59 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Қасамдара, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  СССР
 Тоҷикистон
Таҳсилот:
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Эътиқод: ислом, ҳанафимазҳаб
Ҳизб: ҲНИТ
Навъи фаъолият: сиёсатмадор
Падар: Тилло Кабиров[1]
Ҳамсар: Мастура Раҳматуллоева[2]
Фарзандон:

Писарон: Руҳулло[3]

, Муҳаммад[4]

Муҳиддин Кабирӣ (форсӣ: محی الدین کبیری) (Кабиров Муҳиддин Тиллоевич; тав. 20 июли 1965, деҳаи Қасамдара, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадори тоҷик, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ. Раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон[5]. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон (20052015).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳиддин Кабирӣ 20 июли соли 1965 дар деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Дар овони наврасӣ ва ҷавонӣ назди уламои маъруфи кишвар, аз ҷумла устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода улуми гуногуни исломиро омӯхтааст. Бо забонҳои арабӣ, инглисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад. Оиладор ва соҳиби шаш фарзанд аст.

Таҳсилоти ибтидоӣ ва касбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми синфи 8-и мактаби миёнаи № 15-и ноҳия, ба Техникуми статистикии шаҳри Ордҷонекидзеобод (феълан Колллеҷи омори шаҳри Ваҳдат) дохил мешавад. Онро соли 1983 ба охир расонад, муддате дар совхози «Октябр»-и ноҳияи Файзобод дар вазифаи иқтисодчӣ кор мекунад.

Хидмат дар артиш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамон сол ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват мешавад, то соли 1985 сарбоз буд.

Фаъолияти корӣ ва таҳсилоти олӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди сарбозӣ солҳои 1985—1987 дар ноҳияи Файзобод чун иқтисодчӣ фаъолияташро идома додааст. Соли 1987 ба шуъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1992 онро хатм кардааст.

Пас аз хатми Донишгоҳ ба Яман рафта, беш аз як сол дар Донишгоҳи ҷумҳурии Яман коромӯз мешавад.

Соли 1993 ба Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дохил шуда, соли 1995 онро бо ихтисоси мутахассис оид ба ҳуқуқи байналмилал хатм мекунад.

Аз соли 1995 то соли 1997 дар шаҳри Маскав президенти Маркази фарҳангии «Сино» ва муовини директори генералии АОЗТ «Халиф» дар ин шаҳр будааст.

Фаъолияти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1997 ба Душанбе баргашт ва дар Комиссияи оштии миллӣ вазифаи ёвари Раиси ин Комиссия — Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба уҳда дошт. Баъди анҷоми фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ боз ҳам муддате ёвари раҳбари ҲНИТ буд.

Соли 2000 бо пешниҳоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҷонишини раиси ҲНИТ интихоб мешавад. Ноибии ӯ дар ҲНИТ ба замоне рост омад, ки сарвар ва муовини аввали он бештар дар беморӣ ба сар мебурданд. Моҳи августи соли 2006 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз олам даргузашт ва ва моҳи сентябри ҳамон сол Муҳиддин Кабирӣ дар Анҷумаи ҲНИТ раиси ин ҳизб интихоб шуд.

Соли 2005 як ташкилоти ғайриҳукуматии ҷумҳуриявиеро бо номи Маркази «Диалог» таъсис дод, ки муддате ба минбари таҳлилгарони масоили иқтисодиву сиёсӣ табдил шуда буд.

Намояндагӣ дар порлумон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи феврали соли 2005 аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҲНИТ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Моҳи сентябри соли 2007 дар Анҷумани ҲНИТ дубора ба муҳлати 4 сол боз раиси наҳзат интихоб карданд. Дар интихоботи парламентии соли 2010 низ боз вориди порлумон шуд.

Аммо дар интихоботи парламентии моҳи марти соли 2015 бино ба гузориши Комиссияи интихоботӣ ҳизби ӯ райъи мувофиқ ба даст наёвард ва ба парламент роҳ наёфт. Дар нимаи моҳи марти 2015 барои табобат ва ширкат дар ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ ба хориҷ сафар кард.

Муҳоҷирати сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи июн расонаҳои давлатии Тоҷикистон ӯро ба заминфурӯшӣ айбдор карданд ва аз оғози кадом парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ низ хабар доданд. Ин овозаҳо Кабириро водор кард, ки муддати дигар берун аз қаламрави кишвар бимонад.

Парвандаи ҷиноӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, генерал Абдуҳалим Назарзода гӯё бо дастури бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ беш аз 20 гуруҳи хурди мусаллаҳ ташкил кардааст, ки мехост бо истифода аз онҳо оромии Тоҷикистонро барҳам занад. Аз ин сабаб, алайҳи «саркардагон»-и ин гурӯҳ ва «ҳаммаслакон»-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст.[6]

Иттиҳом ба терорризм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳиддин Кабирӣ дар Тоҷикистон ба терроризм ва ташкили исёни мусаллаҳона айбдор карда мешавад аз кишвар фирор кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи ин сиёсатмадор ба ширкати байналмилалӣ муроҷиат намудааст[7].

  1. Даргузашти падари Муҳиддин Кабирӣ дар 95-солагӣ » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.com. 19 июли 2017 санҷида шуд.
  2. Дориюши Субҳон. Масунияти депутатӣ дар ҳифзи даромад. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". jumhuriyat.tj (11 апрели 2014). 19 июли 2017 санҷида шуд.
  3. Солеҳ Кабиров. Даст доштани ҲНИТ дар терроризм исбот шуд(тоҷ.). Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. sadoimardum.tj. 19 июли 2017 санҷида шуд.
  4. Тавзеҳи Муҳиддин Кабирӣ нисбати ҳукм ба писараш | Ҳабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. Проверено 19 июли 2017.(пайванди дастнорас)
  5. Sputnik. Қарори Додгоҳи олӣ дар бораи манъи фаъолияти ҲНИТ(тоҷ.). sputnik-tj.com. 19 июли 2017 санҷида шуд.
  6. Sputnik. ВКД: 139 ҷонибдори Назарзода боздошт ва 100 парвандаи ҷиноӣ боз шуд(тоҷ.). sputnik-tj.com. 19 июли 2017 санҷида шуд.
  7. Sputnik. Ҷустуҷӯи Муҳиддин Кабирӣ аз тарафи Интерпол давом дорад(тоҷ.). sputnik-tj.com. 19 июли 2017 санҷида шуд.