Jump to content

Камил Мамедович Мирзоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камил Мамедович Мирзоев
Камил Мамедович Мирзоев
Таърихи таваллуд 1939(1939)
Зодгоҳ Туркманистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ сиёсатшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997)

Камил Мамедович Мирзоев (тав. 1939) - олим, доктори илмҳои физикаву математика (1988). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Камил Мамедович Мирзоев соли 1962 факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1962), ихтисос – «сейсмология». Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент кор кардааст. Солҳои 1969-1994 дар Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи АИ ҶШС Тоҷикистон заҳмат кашида, вазифаҳои ходими илмӣ, котиби илмӣ, мудири лабораторияи сейсмологияи минтақавӣ, муовини директорро иҷро намудааст. Ходими илмӣ, котиби илмӣ (1969-1972), мудири озмоишгоҳи сейсмологияи минтақавӣ (1975-1994), муовини директори Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1971-1974; 1975-1994). Эксперт- мушовири СММ дар масъалаҳои сейсмология (Афғонистон, Миср) (1984-1992), сардори Маркази илмиву истеҳсолии «Геодинамика»-и Садорати геологиву ҷустуҷӯи Раёсати ОАО «Татнефт» (Қазон) (1994-2005), сарходими илмии Институти физикаи Замини ба номи О.Ю.Шмидти АИ Русия (2005-2010) буд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ноҳиябандии сейсмикӣ, пешгӯии заминҷунбӣ, зилзиланокии бедоршуда дар минтақаи обанборҳои калон, моделсозии равандҳои сейсмикӣ, усулҳои арзёбии хатари сейсмикӣ ва кам кардани хавфи сейсмикӣ. Оид ба пешгӯии заминларза, ноҳиябандии он, ҳифзи иншооти назди обанборҳои калон аз заминларза, амсиласозии ҷараёнҳо сейсмикӣ, усулҳои рафъи хатари сейсмикӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва ғайра қариб сад асару мақола навиштааст.

  • Способ восстановления продуктивности скважины. – Д., 1978;
  • Способ снятия упругой энергии в напряженных средах для предотвращения землетрясений. – М., 1981;
  • Сейсмический режим и районирования зоны сопряжения Памира, Гиндукуша и Южного Тянь-Шана (Таджикистана): Дисс…доктора физ-мат. наук. – М., 1987;
  • Пути увеличения нефтеотдачи Зодгоҳ и добычи нефти. – Ашхабад, 1989.[2]
  • Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин» тақдир шудааст.
  • Дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997).
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 342-343.