Каримов Хуршед Ҳилолович
Каримов Хуршед Ҳилолович | |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 1935 |
Тахрихи даргузашт: | 12 январ 2014 |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | зистшиносӣ |
Алма-матер: |
Хуршед Ҳилолович Каримов (10 декабри 1935, Самарқанд - 12.01.2014) — физиолог ва биохимики тоҷик, доктори илмҳои биология (1974), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1985), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1981). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).
Зиндагинома[вироиш]
Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Москавро хатм кардааст (1958). Аспиранти Донишкадаи ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1958—1961). Аз с. 1961 ходими хурд, ходими калони илмй, мудири лабораторияи ғизодиҳӣ ва мубодилаи моддаҳои Шӯъбаи физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶШС Тоҷикистон (аз с. 1964 Донишкадаи физиология ва биофизикаи растанй). Ҷонишини директор оид ба корҳои илмй (1966—1986) ва аз с. 1986 директори ҳамин донишкадаи АИ ҶШС Тоҷикистон.
Осори илмӣ[вироиш]
Каримов муаллифи 150 асару маколаҳои илмист. Асарҳои Каримов ба тадқиқи физиологияи зироати хоҷагии кишоварзӣ, ки зимистон нашъунамо мекунад, асосҳои назариявии дар заминҳои обӣ тамоми сол парвариш намудани растанй, физиологияи чигит ва ғайраҳо бахшида шудаанд. Раиси Совети координационй оид ба Программаи республикавии илмӣ-техникии «Хуроки чорво». Раиси Правленияи ҷамъияти «Дониш»-и АИ ҶШС Тоҷикистон.
Ҷоизаҳо[вироиш]
- Медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
- Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ»,
- Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
- Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).
Манобеъ[вироиш]
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Нигаред[вироиш]
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони соли 1935
- Даргузаштагони 12 январ
- Даргузаштагони соли 2014
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Дар Самарқанд таваллудшудагон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо