Jump to content

Хуршед Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хуршед Каримов
Таърихи таваллуд 1935
Таърихи даргузашт 12 январ 2014(2014-01-12)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ зистшиносӣ
Алма-матер

Хуршед Ҳилолович Каримов (10 декабри 1935, Самарқанд - 12.01.2014) — физиолог ва биохимики тоҷик, доктори илмҳои биология (1974), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1985), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1981). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Москавро хатм кардааст (1958). Аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1958—1961). Аз соли 1961 ходими хурд, ходими калони илмй, мудири лабораторияи ғизодиҳӣ ва мубодилаи моддаҳои Шуъбаи физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1964 Институти физиология ва биофизикаи растанй). Ҷонишини директор оид ба корҳои илмй (1966—1986) ва сипас директори Институти ботаникаиАИ ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1998-2011) буд.

Каримов муаллифи 150 асару маколаҳои илмист. Асарҳои Каримов ба тадқиқи физиологияи зироати хоҷагии кишоварзӣ, ки зимистон нашъунамо мекунад, асосҳои назариявии дар заминҳои обӣ тамоми сол парвариш намудани растанй, физиологияи чигит ва ғайраҳо бахшида шудаанд. Раиси Совети координационй оид ба Программаи республикавии илмӣ-техникии «Хуроки чорво». Раиси Правленияи ҷамъияти «Дониш»-и АИ ҶШС Тоҷикистон.

  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.