Каримхон Қурбонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Каримхон Қурбонов
Каримхон Муродович Қурбонов
Санаи таваллуд:

4 апрели 1958

Фазои илмӣ:

олим

Каримхон Қурбонов - олим, доктори илми тиб (1997), профессор (1999). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2003). Академики Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004).[1][2]

Зиндагинома[вироиш]

Каримхон Қурбонов Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1982), ихтисос – «тиб». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ҷарроҳии узвҳои системаи гепатогастробиллиорӣ ва рӯдаи ғафс. Дотсент (1997-1999), профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999-2000), декани факултаи тибби умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001-2003). Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2003-2005), мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2005- то имрӯз).

Мукофот[вироиш]

  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004).

Манобеъ[вироиш]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 4 апреля 2014 года (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-4-aprelya-2014-goda