Каромат Шарипов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Каромат Шарипов
Ном ҳангоми таваллуд Шарипов Каромат Бақоевич
Таърихи таваллуд 1 апрел 1963(1963-04-01)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 9 май 2020(2020-05-09)
Маҳалли даргузашт Ваҳдат Тоҷикистон
Пеша фаъоли ҳуқуқи башар

Каромат Шарипов (Шарипов Каромат Бақоевич; 1 апрели 1963, деҳаи Ҷойникудии ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 9 майи 2020, Ваҳдат, Тоҷикистон) — фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ. Раҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони кории тоҷик»[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Каромат Шарипов 1 апрели соли 1963 дар деҳаи Ҷойникудӣ (ҳозира Чилчашма)-и ноҳияи Файзобод[2] ба дунё омадааст. Соли 1984 Омӯзишгоҳи низомӣ-сиёсии шаҳри Симферопол, соли 1989 мактаби олии ҳизбии КМ ҲКИШ, ва дар соли 2010 Академияи хидмати давлатии Қафқози Шимолиро (ш. Ростов-на-Дону) хатм кардааст[3].

Хидмати низомӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар солҳои 80 дар Артиши Шӯравӣ ва дар солҳои 90 дар дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хидмат мекард ва рутбаи майори артиши Русияро дорад. Соли 1995 Каромат Шарипов, вақте ҳанӯз дар дивизияи 201 хидмат мекард, аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар куштор дастгир шуда буд, вале ӯро нирӯҳои дивизияи 201 аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карданд[4].

Каромат Шарипов дар ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав чанд созмони ҷамъиятӣ, ба мисли Лигаи тоҷикони Русия, Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия ва ахиран Федератсияи муҳоҷирони ИДМ-ро ташкил дода, ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон машғул шуд[4].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Каромат Шарифов, ки вақтҳои ахир аз бемории қалб ранҷ мебурд ва субҳи 9 майи соли 2020 дар синни 57-солагӣ дар шаҳри Ваҳдат аз олам даргузашт, ҷанозаашро барои дафн ба зодгоҳаш ноҳияи Файзобод бурданд[5].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Sputnik. Каромат Шарипов: тоҷикон дар ҳолати таназзул қарор доранд(тоҷ.). sputnik-tj.com. 13 Декабри 2017 санҷида шуд.
  2. ШАРИПОВ Каромат Бакоевич | ЦентрАзия. www.centrasia.ru. 13 Декабри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. Каромат Шарипов. Бойгонӣ шудааст 23 Декабри 2017  сол. Проверено 13 Декабри 2017.
  4. 4.0 4.1 ШИКОЯТИ КАРОМАТ ШАРИПОВ АЗ ҲУКМИ ИХРОҶАШ АЗ РУСИЯ. akhbor.com. 13 Декабри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  5. Каромат Шарифов ҳомии шинохтаи муҳоҷирони тоҷик даргузашт. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 9 май 2020 санҷида шуд.