Корхонаи худравсозии Горкий
Навъ | ширкати саҳҳомӣ |
---|---|
Соли таъсис | 1 январ 1932 |
Бунёнгузорон |
ШОХХ Ford |
Макон | |
Бахш | Мошинсозӣ |
Фароварда | truck[d], passenger car[d], худрав ва minibus[d] |
Сармояи худӣ | |
Гардиш | |
Даромади амалиётӣ | |
Даромади холис | |
Ширкати модарӣ | Группа ГАЗ |
Ҷоизаҳо | 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурх, ордени Ҷанги Ватанӣ |
Вебгоҳ | Сайти расмӣ |
Заводи автомобилсозии Горкий (Го́рьковский автомоби́льный заво́д; мухтасар ГАЗ) — корхонаи истеҳсолкунандаи автомобилҳои сабукрав, боркаш ва автобусҳои хурд. Соли 1932 таъсис ёфта, дар шаҳри Нижний Новгород (аз солҳои 1932–1990 – Горкий) воқеъ гардидааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Сохтмон ва солҳои тоҷангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Моҳи майи соли 1929 Шӯрои умумииттифоқии хоҷагии халқи ИҶШС бо ширкати амрикоии Ford Motor Company дар бораи расонидани ёрии техникӣ оид ба ташкил ва истеҳсоли оммавии автомобилҳои сабукрав ва боркаш қарордод ба имзо расонда буд.[2]
Корхонаи истеҳсоли автомобилҳо 1 январи 1932 ба истеҳсоли мошини боркаши 1,5-тоннагии НАЗ–АА (аз соли 1933 ГАЗ – АА) шурӯъ намуд. Тибқи қарордод ширкати амрикоӣ дар давоми панҷ соли дигар (1931–36) бо корхонаи ГАЗ дар тарҳрезӣ, такмили техникӣ ва истеҳсоли мошинҳо ҳамкорӣ дошт. Моҳи майи 1936 корхона истеҳсоли мошини сабукрави ГАЗ–М–1-ро, ки бештар бо номи «Эмка» машҳур буд, оғоз кард. Минбаъд дар солҳои 1937–41 дар корхона истеҳсоли чанд намуд худрави сабукрав ба роҳ монда шуд.
Солҳои 1941—1945
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар солҳои ҶБВ (1941–45) дар корхона истеҳсоли автомобилҳои пуриқтидори низомӣ ва танкҳо ба роҳ монда шуд, аз ҷумла корхона худрави низомии ГАЗ–64, танки сабуки Т–60, танки Т–70, худрави зиреҳпӯши БА–64 ва анвои гуногуни тӯпҳои худгард истеҳсол менамуд. Дар маҷмӯъ солҳои ҶБВ дар корхона 176,2 ҳазор адад автомобил, 12 ҳазор танк, бештар аз 9 ҳазор тӯпи худгард, 24 ҳазор миномёт ва 30 ҳазор гулӯла барои дастгоҳи реактивии «Катюша» истеҳсол гардид.
Солҳои 1946—1960
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз ҶБВ дар корхона навсозии техникӣ гузаронида шуда, автомобилҳои сабукрави М–20 «Победа», мошинҳои боркаши ГАЗ–47, ГАЗ–51, ГАЗ–63, автомошинаи ГАЗ–69 (аз 1949) истеҳсол мегардиданд. Дар солҳои 50-ум корхона истеҳсоли мошини сабукрави ГАЗ–21 «Волга», ГАЗ–13 «Чайка» ва мошинҳои боркаши ГАЗ–52 (2,5 т), ГАЗ–53 (3,5 т) ва ГАЗ–66-ро ба роҳ монда, дар рушди хоҷагии халқи мамлакат саҳми калон гузошт.
Солҳои 1961—1990
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давоми солҳои 60–90 садаи XX корхона ба истеҳсоли оммавии мошинҳои сабукрави ГАЗ–24, ГАЗ–24-10, ГАЗ–3105 ва мошинҳои боркаши ГАЗ–52, ГАЗ–53 ва ГАЗ–66 машғул буд.
Солҳои 1992—2000
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз пош хӯрдани ИҶШС дар давоми солҳои 90 садаи XX саноати автомобилсозии Русия давраи буҳронро аз сар гузаронд. Аз нимаи дуввуми солҳои 90 корхона асосан ба истеҳсоли мошинҳои боркаши камҳаҷми ГАЗ–3302 («Газел»), автобусҳои ГАЗ–3221 («Газел») ва ГАЗ–22171 («Собол») машғул буд. Солҳои 2011–13 корхона бо ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи автомобилҳо – Mercedes-Benz, Volkswagen Croup, Chevrolet Aveo ва ғайра созишнома баста, дар коргоҳҳои истеҳсолии худ ба истеҳсоли автомобилҳои ин ширкатҳо оғоз намуд. Ҳоло (2014) корхона асосан ба истеҳсоли мошинҳои боркаши камҳаҷм ва автобусҳои хурди тамғаи «ГАЗ», мошинҳои зиреҳпӯши низомии БТР ва БРДМ машғул мебошад.
Солҳои 2011—2013
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2013 дар корхона 25 ҳазор коргар, хидматчӣ, муҳандис ва менеҷер фаъолият доштанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ду ордена Ленин;
- ордени Байрақи Сурх;
- орден Ҷанги Ватанӣ.
Дар давраи аз соли 1935 то соли 1957 завод номи ЗИМ, яъне «Завод имени Молотова»-ро дошт.
Қатори моделҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Автомобилҳои сабукрав
[вироиш | вироиши манбаъ]Модел | Солҳои барориш |
---|---|
ГАЗ-А | 1932—1936 |
ГАЗ-М-1 | 1936—1942 |
ГАЗ-11-73 | 1940—1942, 1945—1948 |
М-20 «Победа» | 1946—1958 |
ЗИМ (ГАЗ-12) | 1950—1960 |
ГАЗ-21 «Волга» | 1956—1970 |
ГАЗ-22 «Волга» | 1962—1970 |
ГАЗ-23 «Волга» | 1962—1970 |
ГАЗ-13 «Чайка» | 1959—1981 |
ГАЗ-24 «Волга» | 1967—1985 |
ГАЗ-24-02 «Волга» | 1972—1986 |
ГАЗ-24-24 «Волга» | 1971—1986 |
ГАЗ-14 «Чайка» | 1977—1989 |
ГАЗ-24-10 «Волга» | 1985—1992 |
ГАЗ-24-34 «Волга» | 1986—1991 |
ГАЗ-3102 «Волга» | 1981—2009 |
ГАЗ-3101 «Волга» | 1984—1991 |
ГАЗ-31029 «Волга» | 1992—1998 |
ГАЗ-31022 «Волга» | 1992—1998 |
ГАЗ-3105 «Волга» | 1992—1996 |
ГАЗ-3110 «Волга» | 1997—2005 |
ГАЗ-310221 «Волга» | 1997—2008 |
ГАЗ-3111 «Волга» | 2001—2002, 2004 |
ГАЗ-31105 «Волга» | 2004—2009 |
ГАЗ-311055 «Волга» | 2005—2007 |
Volga Siber | 2008—2010 |
Силсилаи (заминавии) автомобилҳои боркаши ГАЗ
[вироиш | вироиши манбаъ]Модел | Солҳои барориш |
---|---|
ГАЗ-АА | 1932—1938 |
ГАЗ-ААА | 1936—1943 |
ГАЗ-ММ | 1938—1947 |
ГАЗ-51 | 1946—1975 |
ГАЗ-63 | 1948—1968 |
ГАЗ-62 | 1959—1962 |
ГАЗ-52 | 1961—1992 |
ГАЗ-53 | 1961—1992 |
ГАЗ-66 | 1964—1999 |
ГАЗ-3307 | аз 1989 |
ГАЗ-4301 | 1992—1995 |
ГАЗ-3306 | 1993—1995 |
ГАЗ-3302 «Газель» | аз 1994 |
ГАЗ-3309 | аз 1995 |
ГАЗ-2705 «Газель» | аз 1995 |
ГАЗ-3308 «Садко» | аз 1999 |
ГАЗ-3310 «Валдай» | 2004—2016 |
ГАЗель Next | аз 9 апрели 2013 |
ГАЗон Next | аз 19 сентябри 2014 |
Автомобили повышенной проходимости
[вироиш | вироиши манбаъ]Модель | Года выпуска |
---|---|
ГАЗ-61 | 1941—1945 |
ГАЗ-64 | 1941—1943 |
ГАЗ-67 | 1943—1944 |
ГАЗ-67Б | 1944—1953 |
ГАЗ-69 | 1953—1955 |
ГАЗ-69А | 1954—1956 |
ГАЗ-46 МАВ | 1953—1958 |
М-72 | 1955—1958 |
ГАЗ-3937 «Водник» | аз 1997 |
ГАЗ-2330 «Тигр» | аз 2005 |
ГАЗ-2975 «Тигр» | аз 2005 |
Автобусҳои ГАЗ
[вироиш | вироиши манбаъ]Модел | Солҳои барориш |
---|---|
ГАЗ-03-30 | 1933—1941, 1945—1950 |
ГАЗ-05-193 | 1936—1945 |
ГАЗ-55 | 1938—1950 |
ГЗА-651 | 1949 |
ГЗА-653 | 1950 |
ГАЗ-3221 «Газель» | аз 1996 |
ГАЗ-22171 «Соболь» | аз 1998 |
ГАЗ-2217 «Соболь-Баргузин» | аз 1999 |
Техники ҳарбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- БАИ-М
- БА-6
- БА-10
- БА-20
- БА-64, БА-64Б
- БТР-40
- БТР-60
- БТР-70
- БТР-80
- БТР-90 "Росток"
- БРДМ-1
- БРДМ-2
Таҷрибавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1934 — ГАЗ-А-Аэро
- 1936 — ГАЗ-ВМ
- 1936 — ГАЗ-АААА, 6х4
- 1937 — ГАЗ-21, ГАЗ-22, 6х4
- 1938 — ГАЗ-25, 6х4
- 1938 — ГАЗ-62, ГАЗ-63, 4х4
- 1938 — ГАЗ-33, ГАЗ-34, 6х6
- 1943 — БА-64 § , лыжно-гусеничный
- 1944 — ГАЗ-68 (КСП-76), 4х4
- 1938 — ГАЗ-ГЛ-1
- 1948 — Win-МО
- 1952-1956 — ГАЗ-62, аввалин силсила
- 1954 — ГАЗ-М73
- 1955-1957 — ГАЗ-18
- 1958 — ГАЗ-56, аввалин силсила
- 1961 — ГАЗ-56, дуюм силсила
- 1995 — ГАЗ-2308 Атаман
- 1998 — ГАЗ-3103 "Волга" (4×2)
- 1998 — ГАЗ-3104 "Волга" (4×4)
- 1999 — ГАЗ-23081 "Атаман Ермак"
- 1999 — ГАЗ-3106 "Атаман-2", аввалин силсила
- 2003 — ГАЗ-3115
- лоиҳа — ГАЗ-3902 "Вепрь"
- 2004 — ГАЗ-3106 "Атаман-2", силсилаи дуюм
- 2006 — ГАЗ-2332 CityVan
- 2006 — ГАЗ-3121 "Тигр-2"
Транспортёрҳои тасмачарх
[вироиш | вироиши манбаъ]- ГАЗ-47
- ГАЗ-73
- ГАЗ-34039
- ГАЗ-34039K «Ирбис»
- ГАЗ-3409 «Бобр»
- ГАЗ-3344 (двухзвенный)
- ГАЗ-3351 (двухзвенный)
Роҳбарияти корхона
[вироиш | вироиши манбаъ]- 01.01.1932—28.09.1932 — Семён Семёнович Дыбец
- 1932—1938 — Сергей Сергеевич Дьяконов
- 1938—1942 — Иван Кузьмич Лоскутов
- 1942—1943 — Александр Маркович Лившиц
- 1943—1948 — И. К. Лоскутов
- 1948—1950 — Григорий Сергеевич Хламов
- 1950—1952 — Георгий Александрович Веденяпин
- 1952—1954 — Павел Яковлевич Лисняк
- 1954—1955 — Николай Иванович Строкин
- 1955—1958 — Николай Васильевич Сазанов
- 19.03.1958—27.07.1983 — Иван Иванович Киселёв
- 1983—1986 — Николай Андреевич Пугин
- 1986—1994 — Борис Павлович Видяев
- 1994—2001 — Н. А. Пугин
- 01.2001—11.2001 — Виктор Николаевич Беляев
- 2001—2002 — Дмитрий Степанович Стрежнев
- 2002—2005 — Алексей Георгиевич Баранцев
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арзамасский машиностроительный завод
- Осорхонаи таърихи ҶСК ГАЗ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Бухгалтерская отчётность
- ↑ Шпотов Б. М. Компания Форда и Россия, 1909–1941 г. Бойгонӣ шудааст 21 ноябри 2015 сол. // ИМА: экономика, политика культура : журнал. — 1999.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Официальный веб-сайт предприятия Бойгонӣ шудааст 9 сентябри 2016 сол.
- Сайт истории «ОАО-ГАЗ» Бойгонӣ шудааст 6 Январ 2014 сол.
- ГАЗ Бойгонӣ шудааст 1 ноябри 2012 сол. в Энциклопедии грузовых автомобилей.- 2-е изд., перераб. и доп. — М.: ООО «Книжное издательство „За рулём“», 2008.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ГАЗ // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.