Jump to content

Вен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Вен
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Панҷакент
Ҷамоат Деҳоти Вору
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 504 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3475
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Вен — деҳа дар ҷамоати деҳоти Воруи ноҳияи Панҷакент. Аз Вен деҳа маркази ҷамоат 25 км, то маркази шаҳр 60 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 504 нафар (2017), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи асосӣ, маркази саломатӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чашмаи Вен обёрӣ мешаванд. Вен аз қадимтарин деҳоти ҷамоат буда, зиёда аз 800 сол арзи ҳастӣ дорад. Манзараи зебо ва чашмаҳои зиёд дорад. «Вен» калимаи суғдӣ буда, маънояш марғзор аст. Нишонаи таърихии деҳа арчаест, ки давродавраш 5,5 м мебошад. Инчунин дар деҳа масҷиде вуҷуд дорад, ки бо ташаббуси Ниёзи Кончӣ бунёд шудааст. Вен дар доманаи кӯҳи Ҳамид ҷойгир шуда, ба қаторкӯҳҳои Фон тааллуқ дорад.

Шахсиятҳои маъруфт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Докторони илм Самеъ Расулов (саратоншинос) ва Махсатилло Исмоилов аз ҳамин деҳа мебошанд.