Jump to content

Лола Тайғуншоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лола Тайғуншоева
олмонӣ: Lina Bullach
Шаҳрвандӣ:  Олмон
Касб: ҳунарпешаи синамо
IMDb: ID 2293500

Лола Тайғуншоева (Лина Буллах; олмонӣ: Lina Bullach) — ҳунарпешаи синамои тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Модари Лола олмонитабор буд. Лола Тайғуншоева ҳангоми воқеаҳои нобасомони солҳои навадум аввал ба шаҳри Москва (1992) ва, сипас, баҳори соли 1993, ҳамроҳи ҳамсараш Олег Фезов ва фарзандонаш ба Олмон кӯч бастанд. Алҳол Лола бо ҳамсару фарзандонаш дар замини шваби Олмон сукунат доранд[1].

Лола Тайғуншоева дар ду филм нақши асосӣ офаридааст. Инҳо нақши Заррина дар филми бадеии телевизионии «Хобҳои апрелӣ» («Апрельские сны», таҳиягар Валерий Аҳадов, 1980) ва Нисо аз филми бадеии «Субҳи нахустини ҷавонӣ» («Юности первое утро», таҳиягар Давлат Худоназаров, 1979) мебошанд[2]. Ҳамчунин Лола дар филми «Тири тилоӣ» («Золотая стрела», коргардон Сайидо Қурбонов,1980) нақши духтари камонварро бозидааст[3].

  1. Лола Тайгуншоева. Кино-Театр.РУ. 4 июли 2019 санҷида шуд.
  2. Умар Алӣ. ЛИНА БУЛЛАХ — ЛОЛАЕ, КИ БА ОЛМОН РАФТ. www.jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". 4 июли 2019 санҷида шуд.
  3. Золотая стрела (1980). Кино-Театр.РУ (4 июли 2019).