Олег Фезов
Иттилооти асосӣ | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 23 май 1963 (61 сол) |
Зодгоҳ | Хоруғ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, овозхон, мусиқидон |
Соз | гитор |
Ношир(он) | Blue Flame Records |
olegfezov.com |
Олег Фезов (тав. 23 майи 1963, Хоруғ, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — мусиқидон, овозхон ва оҳангсози тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Олег Фезов 23 майи соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст[1]. Аҷдоди Олег Фезов аз минтақаи Кӯҳистони Бадахшон буда, дар санъати мусиқии тоҷику афғон хидмат намудааст. Соли 1990 Омӯзишгоҳи бадеии шаҳри Душанберо бо ихтисоси рассоми ороишгар хатм кардааст.
Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Олег Фезов ба Маскав муҳоҷират кард. Баъдтар ӯ аз он ҷо ба Олмон рафта, он ҷо қарор гирифт. Олег Фезов пас аз 22 сол зиндагӣ дар Олмон ба Тоҷикиситон баргашт ва 24 декабри соли 2019 шиносномаи тоҷикиро ба даст овард[1].
Ҳамсараш Лола Туйғуншоева, офарандаи нақши Нисо дар филми «Субҳи нахустини ҷавонӣ» мебошад[2].
Фаъолияти ҳирфаӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Олег Фезов аз охири солҳои 1980 қадамҳои нахустини худро ба саҳна гузошта, дар баробари ин, касби бастакорӣ ва танзимкориро пеша намуда, баъдтар сурудхонӣ мепардозад.
Хусусияти мафтункунандаи Шарқ ва асари соддалавҳонаи санъат ҳамҷоя бо кордонии инструменталӣ, истифодабарии ҳам асбобҳои мусиқии ба ҳама маълум ва ҳам асбобҳои мусиқии халқӣ (соз, ӯд ва ғайра) ин албомҳои Олег Фезовро намунаи «мусиқии ҷаҳонӣ» мекунанд.
Албомҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1993 дар Олмон албоми ӯ бо номи «Лалайки Помир» (Oleg Fesov, Lalaiki Pamir, Blue Flame Records) мебарояд. Сурудҳои беҳтарини ин албом ба бисёр маҷмӯаҳои шинохати мусиқиҳои этникӣ дохил шуданд: Voice of Europe (ҳамчун намояндаи мусиқии ИДМ), Crossing Cultures ва дигарон. Соли 1995 Лалайки Помир аз тарафи ширкати Miramar/BMG дар ИМА аз нав мебарояд.
Соли 1997 ширкати Manas Records (Русия) дар Олмон албоми дуюми Олег Фезовро бо номи «Лакатум» (Oleg Fesov, Lakatum. MR 7003) мебарорад. Инчунин, албоми якум, Лалайки Помир (MR 7002) низ такроран бароварда мешавад. Лакатум дар муддати кӯтоҳ ба даҳҳаи дуюми руйхати World Music (дар ҳолати майи соли 1997) медарояд, ки ин ҳодисаи фавқуллода дар таърихи сабти овозии Тоҷикистон мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Беҳтарин рассом-ороишгари матбуоти даврии бачагонаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1990). Дорандаи ҷоизаи фестивали Байналхалқии «Садои Осиё» (1991).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 22 сол пас: Олег Фезов аз шаҳрвандии Олмон даст кашид ва шиносномаи тоҷикӣ гирифт(тоҷ.). sputnik-tj.com. 25 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Олег Фезов:"Мардуми тоҷик бояд суоли "Ту аз куҷоӣ"-ро фаромуш кунад"(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 4 июли 2019 санҷида шуд.