Кӯчаи Лоҳутӣ
Лоҳутӣ — кӯчаест дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
Дар қисми ҷанубии соҳили чапи дарёи Душанбе, дар ҳудуди маҷмаъаи меъмориву муҷассамаи Садриддин Айнӣ дар майдони ҳамноми он (соли 1980 сохта шудааст) воқеъ гаштааст. Дарозиаш — 1 км. Кӯчаи Айниро бо кӯчаи Беҳзод дар самти шимолу ҷануб мепайвандад. Он яке аз куҳантарин кӯчаи шаҳр буда, солҳои 50-ум сохта шудааст.
Дар қисмати миёнаи кӯча Бозори Шоҳмансур ва дар муқобили он бинои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, болотар аз он Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бонки давлатии «Амонатбонк», ҶДММ «Тоҷиксодиротбонк», ҶДММ «Зайнаббибӣ», ҶДММ «Файзулло Абдуллоев», 2 кӯдакистон мавҷуданд.
Қариб дар тамоми тӯли кӯчаҳое, ки кӯчаи Лоҳутиро убур мекунанд (масалан, ба номи Нисормуҳаммад ва Фаридуддини Аттор) фурӯшгоҳҳо сохта шудаанд. Дар мавзеъи пайвастани кӯчаи Лоҳутӣ ва Беҳзод, аз тарафи ғарб, гулгашти «Бӯстон» ҷой гирифта, кунҷи кӯчаро дар тарафи шарқ Осорхонаи геология ишғол кардааст.
Ба поси хотири шоири тавоно Абулқосим Лоҳутӣ номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулқосим Лоҳутӣ // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 132. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.