Майя Санду

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Майя Санду
молд. Maia Sandu
Maia Sandu - MUS2559 (cropped).jpg
парчам6-ум Президенти Ҷумҳурии Молдова парчам
аз 24 декабри соли 2020
Пешгузашта Игор Додон
парчам13-ум Сарвазири Молдова
24 июли соли 2012 — 30 июли соли 2015
Президент Игор Додон
Пешгузашта Павел Филип
Ҷонишин Ион Кику
парчам Вакили Порлумони Молдова парчам
9 март — 26 июли соли 2019
Пешгузашта вазифа таъсис нашудааст
Ҷонишин Галина Сажин
9 декабри 2014 — 20 феврали соли 2015
Пешгузашта вазифа таъсис нашудааст
Ҷонишин Пётр Штирбате
Вазири маорифи Ҷумҳурии Молдова парчам
Президент Николае Тимофтӣ
Пешгузашта Михаил Шляхтитский
Ҷонишин Корина Фусу

Таваллуд 24 май 1972(1972-05-24) (48 сол)
Рисипен, Фалештӣ, ҶШС Молдова
Ном ҳангоми таваллуд Майя Санду Григоревна
Падар Григорий Синду
Модар Эмилия Синду
Ҳизб Ҳизби "Амал ва ҳамбастагӣ"
Таҳсилот
Касб иқтисоддон
Фаъолият сиёсатмадор
Ҷоизаҳо
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Майя Григоревна Санду (молд. Maia Sandu; тав. 24 майи соли 1972, д. Рисипен, ноҳияи Фалештскӣ, ҶШС Молдова, ИҶШС) — сиёсатмадор ва арбоби давлатии молдовӣ. Президенти Ҷумҳурии Молдова аз 24 декабри соли 2020.

Сарвазири Молдова аз 8 июн то 12 ноябри соли 2019 (иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Ҷумҳурии Молдова аз 12 то 14 ноябри соли 2019). Вазири маорифи Ҷумҳурии Молдова (2012-2015).

Номзад ба президентии Молдова дар интихоботи 2016 ва 2020 буд.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Вай 24 майи соли 1972 дар деҳаи Рисипен, вилояти Фалештии ҶШС Молдова, дар оилаи Григорий ва Эмилия Санду таваллуд шудааст[1].

Солҳои 1989-1994 дар факултаи менеҷменти Академияи таҳсилоти иқтисодии Молдова таҳсил кардааст. Солҳои 1995-1998 дар магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Молдова муносибатҳои байналмилалиро омӯхтааст. Соли 2010 Донишкадаи Идоракунии Давлатии Ҳарвардро хатм кардааст.

Забонҳои англисӣ, руминӣ, русӣ ва испаниро хуб медонад.

Оиладор нест.

Фаъолияти касбӣ[вироиш]

Аз 1 июли 1994 Майя Санду вазифаи сармутахассиси Шӯъбаи ҳамкорӣ бо ИА ва Ҳавзаи баҳри Сиёҳи Департаменти робитаҳои берунаи иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии Молдоваро ишғол карда, дар моҳи июни соли 1996 мушовир дар Саридораи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ (СиҲТБ) кор кардааст.

Дар с. 1997—1998 иҷрокунандаи вазифаи ёвари СиҲБТ.

Дар с. 1998—1999 — мушовир, дар с. 1999—2005 бошад — иқтисодчӣ дар намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Кишинёв[2].

Дар с. 2005—2006 дар ВКХ-и Молдова чун директори Саридораи сиёсати макроиқтисодӣ ва барномаҳои рушд, дар моҳҳои март-сентябри 2007 ҳамоҳангсози барномаҳои СММ оид ба рушди Молдова буд, дар с. 2007—2009 вазифаи мушовири бозсозии идораи ҷамъиятии марказиро ишғол намуд.

Дар с. 2010—2012 мушовири директори амалии Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон, ҳавзаи Колумбия, ИМА буд[3].

Эзоҳ[вироиш]

  1. Санду, Майя. ТАСС. 16 ноябри 2020 санҷида шуд.
  2. "Maia Sandu - alegeri.md", Alegeri.md/w/maia_sandu, retrieved April 23, 2020 
  3. Ex-World Bank economist set to become prime minister in Moldova. www.dw.com/en. 24 июли 2015 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш]