Jump to content

Николае Тимофтӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Николай Василевич Тимофти
молд. Nicolae Timofti
23 марти 2012 — 23 декабри 2016
Пешгузашта Владимир Воронин
Михай Гимпу (и. в.)
Владимир Филат (и. в.)
Мариан Лупу (и. в.)
Ҷонишин Игор Додон
парчам
Раиси Шӯрои олии магистартураи Молдова
4 марти 2010 — 8 майи 2012
Пешгузашта Думитру Вистерничану
Ҷонишин Никифор Корокий

Таваллуд 22 декабр 1948(1948-12-22) (75 сол)
Ҳамсар Маргарита Тимофти[1]
Фарзандон Алексей (36 сола)
Николай (32 сола)
Штефан (24 сола)[1]
Ҳизб КПСС
(1973 — 1991)
Таҳсилот
Касб Ҳуқуқшинос
Эътиқод Калисои ортодоксии шарқӣ
Ҷоизаҳо
Order of the Star of Romania Order of Work Merit Order of Stara Planina Order of the Republic of Serbia
Хидмати сарбозӣ
Солҳои хидмат 1972—1974
Рутба Лейтенанти калон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Николае Василевич Тимофти (молд. Nicolae Timofti; тав. 22 декабр 1948, Чутулешти, ҶШС Молдавия) — ходими давлатии Молдова.

16 марти соли 2012 Николае Тимофтӣ дар иҷлоси вижаи порлумони Молдова ба унвони раиси ҷумҳури нав савганди вафодорӣ ёд кард. Тимофтӣ 63 сол дорад ва 16 март дар порлумони кишвараш раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ин порлумон дорои 101 курсӣ аст ва ба ҷонибдорӣ аз вай 62 нафар рай доданд[2]. Николае Тимофтӣ дар муҳлати 23 марти соли 2012 — 23 декабри соли 2016 Президенти Молдова буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Николае Тимофтӣ 22 декабри соли 1948 дар деҳаи Чутулештии ноҳияи Флорешти ҶШС Молдавия дар оилаи бо сабаби сиёсӣ бадарғашуда ба дунё омадааст[3][4]. Падараш — Василий Тимофтӣ, модараш — Елена Тимофтӣ. Дар оилаи серфарзанд ба воя расидааст[5], маълумоти миёнаро дар мактаби маҳаллӣ гирифтааст[6]

Аз соли 1964 то 1965 дар шаҳри Флорешта коргар буд. Баъд, то соли 1967 Тимофтӣ челонгар-автомобилист шуда кор кард. Баъдан дар Донишгоҳи давлатии Молдова, дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил кард. Пас аз хатми донишгоҳ Николай Тимофтӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ адои хидмат намуда, ба рутбаи низомии лейтенанти калон соҳиб гардид.

Николай Тимофтӣ 38 сол оиладор аст. Ҳамсараш Маргарита Тимофтӣ. Маргарита Тимофтӣ факултаи китобдориро хатм кардааст. Якчанд сол китобдор шуда кор кардааст. Дар ҳоли ҳозир дар Китобхонаи кӯдаконаи ба номи Иона Крянгэ ба ҳайси сардори бахши кор бо омма фаъолият мекунад.

Соли 1977 фарзанди аввалини Николай Тимофтӣ, Алексей ва дертар — Николай ва Штефан таваллуд мешаванд.

Писари калониаш Алексей мисли падар факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кардааст. Дар ВАО дар бораи дорои бюрои вакили адвокат доштани ӯ ва дар ИМА зиндагӣ кардани Алексей иттилоот нашр шудааст.