Мансур Бобохонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мансур Бобохонов
Бобохонов Мансур Бобохонович
Таърихи таваллуд 28 август 1931(1931-08-28)
Зодгоҳ Конибодом, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 19 июл 2012(2012-07-19) (80 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1994)

Мансур Бобохонов (Бобохонов Мансур Бобохонович; 28 августи 1931, Конибодом, — 19 июли 2012, Душанбе) — муаррих, доктори илмҳои таърих (1976), профессор (1978), узви пайвастаи АИ педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, узви пайвастаи Академияи байналхалқии илмии мактабҳои олӣ (1995), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети таъриху филологияи УДТ (ҳоло ДМТ; 1953). Аспиранти УДТ (1953-56). Аз соли 1956 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти педагогӣ пардохтааст: муаллим, муаллими калон, и. в. дотсент (1961). Солҳои 1962-65 мудири кафедраи таърихи ИҶШС, 1974-75 и. в. мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик; декани факултети таъриху филология (1965-66); факултети таърихи ДМТ (1966-82). Солҳои 1980-88, 1989-98 мудири кафедраи таърихи ИҶШС (таърихи ватании ДМТ); профессор (1998—2010), декани факултети таъриху ҳуқуқ (1999—2000); факултети таърих ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон (2000-01). Аз соли 2001 профессори кафедраи таърихи ватании ҳамин донишгоҳ. Аз майи соли 2006 роҳбари «Маркази илмӣ-таҳқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон»-и ДМТ.

Фаъолияти илмию эҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои мактабҳои миёна ва донишкадаҳои олӣ китобҳои дарсӣ таълиф кардааст: «Ҳикояҳо аз таърихи ҶШС Тоҷикистон» ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ барои синфҳои 4 ва 5-ум (Д., 1973—1991), «Таърихи Русия дар замони сармоядорӣ» (Д., 1996), «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Д., 1999), «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Д., 2001), «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (китоби дарсӣ ба забони русӣ, Д., 2004), «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Д., 2004, ба забони русӣ), «Гуфтор барои тоҷикон» (маҷмӯаи мақолаҳо, мактубҳои расмӣ, Д., 2008), «Таърихи тоҷикони ҷаҳон (Ирредент ва диаспораҳои тоҷик»; китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ, қисми 1, Д., 2011).Таҳти роҳбарии ӯ 14 нафар рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали «Собиқадори меҳнат» (1984), ордени «Дӯстӣ»-и Тоҷикистон (2001), нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи ҶТ», «Аълочии маорифи СССР», «Аълочии мактаби олии СССР», «Барои муваффақиятҳои шоён дар фаъолият» сарфароз гардидааст.

Осор[1][вироиш | вироиши манбаъ]

  • К вопросу о зарождении и развитии капиталитстических отношений в Северных районах Таджикистана во второй половине ХIХ — начала ХХ вв. — Сталинабад, 1957;
  • Бедории сиёсии омма дар арафаи револютсияи Октябр = Политическое пробуждение масс накануне Октябрьской революции. — Д., 1966;
  • Предпосылки формирования революционного союза трудящихся Туркестанского края с российским пролетариатом накануне Октября: Дисс…доктора ист. наук. — Д., 1973;
  • В. И. Ленин — стратеги бузурги револютсияи сотсиалистии Октябр. — Д., 1980;
  • Съезди 26 КПСС «Дар бораи зарурияти мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо ва интернатсионализми пролетарӣ». — Д., 1983;
  • Дар зери байрақи дӯстӣ ва интернатсионализми пролетарӣ — Д., 1986;
  • Курсом дружбы и пролетарского интернатсионализма. — Д., 1986;
  • Из исто Примерный учебно-методический план — программа для народных университетов «Дружбы народов и пролетарского интернационализма». — Д., 1987;
  • Баъзе масъалаҳои асосии таърихи СССР ва таърихшиносӣ. Дастури таълим- Д., 1990;
  • Таърихи Русия дар замони сармоядорӣ. — Д., 1996;
  • Таърихи тоҷикони ҷаҳон. — Д., 1999;
  • История таджиков мира. — Д., 2004;
  • Гуфтор барои тоҷикон. Маҷмуаи мақолаҳо, мактубҳои расмӣ. — Д., 2008;
  • Таърихи тоҷикони ҷаҳон. Ирридент ва диаспораҳои тоҷик. Китоби дарсӣ. — Д., 2011.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 96-97.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бобохонов Мансур Бобохонович / Қ. Расулиён // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
  • Мансур Бабаханович Бабаханов. Материалы к библиографии учёных Таджикистана/ Отв. ред. доцент Мирзоев Н. Д., 1991;
  • Олимони донишгоҳ. Д., 1998; Ҳамон. Материалы к библиографии учёных Таджикистана/ Отв. ред. Академик ААП и СНРФА. С. Сатторов. Д., 2001;
  • Prominent tajik Figures of the Twentieth Century by Du. Iraj Bashiri Prof. The University of Minnesota. USA Dushanbe, Tajikistan, 2002;
  • Мухиддинов С. Р., Валиев А. В. Общепризнанный ученый и педагог (к юбилею профессор М. Б. Бабаханова). Д., 2011;
  • Шодипур Ю. Кашшофи таърих. Д., 2011.